Ҷойгоҳи маод

0
46

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

Муқаддима

Инсон дар масири зиндагии худ ба сӯи Худованд бояд аз назари рӯҳӣ ва ҷисмӣ омодагии вуруд ба олам бартарро касб намояд ва «марг» сарлавҳаи ин роҳ аст. Чун барои касе, ки ба думболи мақсади ниҳоии ҷон ва рӯҳ аст, марг василаи рафъи манофеъ ва наздик шудан ба мақсади аслӣ аст, ки ҳадаф ва мақсади ниҳои инсон ҳамон тақарруб ба даргоҳи илоҳӣ аст, ки саодати инсонро дар пай дорад.

Пас аз имон ба Худованд, ҳақиқитарин нуқтае, ки инсон бояд ба он даст ёбд ва мӯътақид шавад имон ба маод аст то дар ҷаҳони абадии худ бидуни захира набошад. Эътиқод ба маод ҳамон таваҷҷӯҳ ба рӯҳи муҷарради инсон аст, ки бо андаке андеша инсон мефаҳмад, ки илова бар ин тан, як рӯҳе дорад, ки бидуни бадан, дорои вуҷуди мустақил аст ва бақои он ба бадан бастагӣ надорад.

Пас аз равшан шудани таҷрруди рӯҳ, инсон ба фикр меравад, ки дар он ҳаёти абадӣ зиндагӣ тамом намешавад, балки шакли он тағйир мекунад. Бинобарин дар ин ҷаҳон чигуна бояд зиндагӣ кунад ва созу барги он зиндагии абдиро фароҳам намояд. Дар ҷиҳати инчунин саволҳо масъалаи маод пеш меояд ва Худованд ба кумаки паёмбарон (а), инсонро дар дуруст фаҳмидани маод ва дуруст зиндагӣ кардан дар дунё барои ободонии охират ёрӣ менамояд. Барномаи паёмбарони илоҳӣ сабаб мешавад, ки инсон аз ёди маод ва аслитарин масъалаи зиндагии худ ғофил набошад.

Бинобарин масъалаи маод ва ҷовдонагӣ аз назари аҳамият баъди масъалаи тавҳид муҳимтарин масъалаи динӣ ва исломӣ аст ва паёмбарон омадаанд, ки инсонҳоро ба ду ҳақиқат, яъне тавҳид ва маод мӯътақид кунанд. Масъалаи маод дар радифи заруратҳои дин аст ва инкори он сабаби иртидод ва гумроҳӣ аст.

Маод дар луғат ва истилоҳ

Калимаи “маод” дар луғати арабӣ гоҳ ба маънои масдарӣ “бозгаштан”, гоҳ ба маънои исми замон “замони бозгаштан” ва гоҳ ба маънои исми макон “ҷои бозгаштан” истифода мешавад ва дар Қуръони Карми калимаи “маод” як бор омадааст ва аз ришаи калима истеъмолҳои зиёд ба кор бурда шудааст.

Маод дар истилоҳи фалсафӣ ва каломӣ ба маънои бозгашти инсон баъд аз марг ба ҳаён барои расидагӣ ба ҳисоб аъмоли ӯ аст.

Тафтозонӣ мегӯяд: “Маод яъне бозгашти аҷзои бадан ба якпорчагӣ, баъд аз онки пароканда шуда будад; бозгашт ба ҳаёт баъд аз марг, бозгашти арвоҳ ба баданҳо баъд аз ҷудоӣ.” (Саъдуддин Тафтозонӣ, Шарҳи Мақосид).

Батаври куллӣ маод дар истилоҳи исломӣ баргирифта аз ҳамон маънои мавриди фаҳми мардум аст.

Ҷойгоҳи маод

Маод дар ақл ва фитрати ҳар инсон ҷойгоҳи қобили таваҷҷӯҳе дорад, зеро чӣ касе намепурсад ва ё намехоҳад бидонад, ки ояндаи инсон ва ҷаҳон чӣ мешавад? Поёни умр ва талоши мо ба куҷо мерасад? Натиҷа ва ҳадаф аз зиндагӣ чист? Бале, ин саволҳо барои ҳама матраҳ аст. Дар посух ба ин саволҳо матавон ду посух дод:

1: Тамом адёни илоҳӣ бо истидлоле, ки дар оянда матраҳ мекунем, ояндаи ҷаҳон ва инсон ва натиҷаи корҳо ва талоши ӯро бисёр равшан, умедворкунанда ва рӯҳбахш медонанд, Ќуръони Карим дар ин бора мефармод:

وَأَنَّ إِلَى رَبِّكَ الْمُنْتَهَى

Ва ин ки поён[-и ҳама чиз] ба сӯи Парвардигори туст. (сураи Наҷм, ояти 42).

2: Моддигароӣ, ояндаи ҷаҳон ва инсонро баста, торик, фонӣ ва нестӣ медонанд ва ин нигоҳи бисёр хатарноку ноумедкунанда аст, илова бар ин чунин мактабҳо ҳеҷгуна далели илмӣ барои ақидаи худ надоранд. Қуръони Карим дар ин бора мефармояд:

وَقَالُوا مَا هِيَ إِلَّا حَيَاتُنَا الدُّنْيَا نَمُوتُ وَنَحْيَا وَمَا يُهْلِكُنَا إِلَّا الدَّهْرُ وَمَا لَهُمْ بِذَلِكَ مِنْ عِلْمٍ إِنْ هُمْ إِلَّا يَظُنُّونَ

Ва гуфтанд: «Нест ин (=зиндагӣ) ҷуз зиндагии дунёи мо; мемирем ва зинда мешавем; ва ҷуз замона моро ҳалок намекунад». Ва онҳоро ба ин ҳеҷ илме нест; ҷуз ин нест, ки онҳо гумонпардозӣ мекунанд. (сураи Ҷосия, ояти 24)

Вале ин мункир шудан ва гуфтаҳо рӯи илм ва далел нест, балки танҳо як даста ваҳм ва хаёли ботиле аст, ки онҳо доранд.

Решаҳо ва заминаҳои фитрӣ

Гарчи афроде ба забон маодро намепазиранд, вале нохудогоҳ дар умқи ҷони худ эҳсоси абадият барои инсон доранд ва гоҳ аз худ аломатҳое нишон медиҳанд ва далелашон он аст, ки бо вуҷуди марг ва пусида шудани ҷисм ҳозир нестанд инсоният ва шахсияти воқеии ӯро нобуд ва нестшуда бидонанд. Мо чанд намуна аз ин аломатҳоро дар инҷо баён мекунем:

1 – Тамом мункирони маод ба қабри ниёгони худ эҳтиром мегузоранд. 2 — Номи шахсиятҳои мурдаро ба рӯи хиёбонҳо ва муассисаҳо ва мадрасаҳо ва донишгоҳҳо ва… мегузоранд.

3 — Ҳамаи онҳо майл доранд, ки баъд аз марг номашон ба некӣ ёд шавад.

4 — Номи ниёгони худро рӯи фарзандони худ мегузоранд.

5 – Гоҳе мурдагони худро мумёӣ мекунанд то аз байн нараванд.

Агар мункирони маод, маргро нобудии инсон медонанд, ин корҳояшон чӣ манъно дорад? Ва чун онон мурданро нестӣ ва ҳеҷ медонанд, пас ба гуфтаи худашон эҳтироми мурда, яъне эҳтироми ҳеҷ ва номи мурда яъне номи нестӣ ва чаро барои инсони несту ҳеҷшуда оромгоҳу қабр месозанд? Чӣ дастаи гул рӯи қабр мегузоранд ва ба номи мурдагон номгузорӣ мекунанд?! Бале, инҳо ҳама нишон медиҳад, ки мухолифони маод ҳам дар дил як навъ имон (гарчи бисёр заиф) ба бақои рӯҳ, инсоният ва шахсияти инсонӣ доранд, ки бо марг аз байн намеравад:

Ба ростӣ, агар мурдан нобудӣ аст, мумёӣ кардани мурдагон, ки дар тӯли таърих буда чӣ тафсире дорад? Агар маргро нобудӣ медонанд, чаро ақвом ва наслҳо номи ниёгони худро рӯи фарзандони худ мегузоранд ва ба онҳо фахр мекунанд? Ва агар касе ба қабри падарашон биэҳтиромӣ кунад бо ӯ ҷанг мекунанд ва мақбараи боазамат бар қабри вай месозанд ва баъзе фирқаҳо ҳатто ҳамроҳи мурдагони худ тилло, шамшер ва либос дафн мекунанд?

Оё касе ҳозир аст номи ҳеҷ ва нестиро ба рӯи фарзандаш бигузорад? Ё ба хотири лагаде, ки касе ба қабри ҳеҷ мезанад сари ҷанг бо ӯ бигирад? Ё ба қабри ҳеҷ мақбара бисозад? Ё бо ҳеҷшуда ва нестӣ тило ва шамшер дафн кунад? Ё ба номи ҳеҷ фахр кунад? Оё инсон ҳозир аст дар баробари қабри ҳеҷ, адои эҳтиром кунад?

Бале, инсон аз даруни фитрати худ эҳсоси бақо ва ҷовидонагӣ мекунад ва яке аз васоили ташвиқро номи нек дар таърих медонад. Ин аз як тараф ва аз тарафи дигар яке аз эҳсосоти дарунии инсон эҳсоси ғурбат аст, дунё барои ӯ танг аст, бо ҳамсар, боғ ва мусофират ҳам барои муддате худро саргарм месозад, вале пас аз чанде боз аз дарун эҳсоси камбуд мекунад, ҳамаи васоили осоиш ҳам ӯро сер намекунад, гоҳе ба фикри худкушӣ меафтад, гоҳе аз худ мепурсад ҳадафи офариниш чист? Чаро ман ҳастам? Тамоми ин васвасаҳои дарунӣ нишон медиҳад, ки инсон эҳсоси доимӣ будан дар ин дунё мекунад ва ин ҷаҳон бо тамоми густардагиаш барои ӯ танг, ҷисм барои ӯ қафас ва дунё барои ӯ зиндон аст, ки ин эҳсос ҳам яке аз заминаҳои имон ба рӯзе аст, ки дар онҷо инсон сер мешавад ва ба тамоми орзуҳо ва аҳдофаш мерасад, зеро посухи ҳар ниёз, эҳсос ва васвасаи дарунӣ дар берун мавҷуд аст. Масалан эҳсоси ташнагӣ бо об ва эҳсоси шаҳват бо заношуӣ ва эҳсоси доимӣ мондан дар дунё ҳам бо маод посух дода мешавад.

Ҳидояти саҳеҳи решаҳо

Ҳар эҳсосе, ки дар вуҷуди инсон аст ба ду навъ метавон ба он посух дод:

  • Посухи зудгузар, дурӯғин ва хаёлӣ.

2– Посух ҳамроҳи далел, доимӣ ва содиқ.

Масалан шахсе, ки эҳсоси ташнагӣ мекунад, ҳам метавон ӯро ба чашмаҳои зулол ҳидоят кард ва ҳам метавон ӯро ба сароб ва обнамоҳои дурӯғин роҳнамоӣ кард ва ё тифле, ки аз дарун эҳсоси гуруснагӣ мекунад, ҳам метавон ӯро ба пистони пуршири модар расонд ва ҳам мешавад пистонаки хушкро ба ҷои пистони модар дар даҳони ӯ қарор дод.

Бале, тамоми эҳсосоти содиқонаро ду гуна метавон посух дод; посухи воқеӣ ва доимӣ ва ё посухи дурӯғин ва зудгузар.

Ҳазрат Алӣ (к) мефармояд: “Ҳазрати Муҳаммад (с) омад то мардумро аз бандагии бутҳо ба бандагии Худованд ва аз итоати халқ ба итоати холиқ ҳидоят кунад.” (Наҳҷ-ул-балоға, хутбаи 147).

Бинобар ин аслу асоси ситоиш ва ишқ дар инсон вуҷуд дорад, ки агар ин майли дарунӣ ба ҳақ ҳидоят нашавад, аз дурӯғу хаёл сар дар меоварад.

Посухи Худованд тавассути паёмбарон

То кунун гуфтем, ки ҳамаи инсонҳо дар даруни худ эҳсоси ҷовидонагӣ ва майл ба боқӣ доранд ва ин эҳсос бояд содиқона ва бо далел посух дода шавад. Ҳоло бубинем Худои паёмбарон дар ин замина чӣ мегӯянд:

  • Инсон беҳуда офарида нашудааст;

أَفَحَسِبْتُمْ أَنَّمَا خَلَقْنَاكُمْ عَبَثًا وَأَنَّكُمْ إِلَيْنَا لَا تُرْجَعُونَ

“Ва оё пиндоштед, ки шуморо беҳуда офаридаем ва ин ки шумо ба сӯи мо бозгардонида намешавед? (сураи Мӯъминун, ояти 115).

  • Дар офариниши инсон ҳадафи басе бузург дар кор аст ва он интихоби роҳи ҳақ аз миёни тамоми роҳҳо ва бандагӣ ва таслими Худо аз миёни тамоми анвои бандагиҳо ва таслимҳо аст;

وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنْسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ

Ва ҷин ва инсро ҷуз барои ибодат[-и Худам] наофаридам. (сураи Зориёт, ояти (56).

3– Барои онки инсон дар ҳадафаш муваффақ шавад тамоми имконоти табииро барои ӯ қарор дода ва ҳама чизро дар ихтиёраш қарор додаем:

أَلَمْ تَرَ أَنَّ اللَّهَ سَخَّرَ لَكُمْ مَا فِي الْأَرْضِ

Оё нанигаристаӣ, ки Худо он чиро дар замин аст барои шумо мусаххар гардонид. (сураи Ҳаҷ, ояти 65).

4- Ба ӯ башорат ва ҳушдор додем, ки кори нек ва бади ту дар ҳар шароит ва ҳар миқдоре ки бошад, зери назар ва мавриди ҳисоб қарор мегирад:

فَمَنْ يَعْمَلْ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ خَيْرًا يَرَهُ وَمَنْ يَعْمَلْ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ شَرًّا يَرَهُ

Пас, ҳар кас ҳамвазни заррае [кори] нек анҷом диҳад, онро мебинад; Ва ҳар кас ҳамвазни заррае [кори] бад анҷом диҳад, онро мебинад. (сураи Зилзол, ояти 7–8).

5 — Инсон дар гарави амали худаш аст;

كُلُّ نَفْسٍ بِمَا كَسَبَتْ رَهِينَةٌ

Ҳар касе дар гарави корест, ки анҷом додааст. (сураи Мудассир, ояти 38).

6- Ҳатто аз гӯш, чашм ва дили инсон ва аз шуниданиҳо, гуфтаниҳо ва фикри карданиҳо бозпурсӣ мешавад;

وَلَا تَقْفُ مَا لَيْسَ لَكَ بِهِ عِلْمٌ إِنَّ السَّمْعَ وَالْبَصَرَ وَالْفُؤَادَ كُلُّ أُولَئِكَ كَانَ عَنْهُ مَسْئُولً

“Ва аз он чи, ки ба он илм надорӣ пайравӣ макун; ба яқин гӯш ва чашм ва дил, ҳамаи онҳо аз он пурсида мешаванд.” (сураи Исро, ояти 36).

7 — Худованд подоши некӯкоронро беэътибору бефоида намекунад;

إِنَّ اللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجْرَ الْمُحْسِنِينَ

Қатъан Худо подоши некӯкоронро табоҳ намесозад. (сураи Тавба, ояти 120).

Ин дидгоҳҳо посухе аст, ки анбиё ба он заминаҳои фитрӣ медиҳанд ва ҳар як аз гуфтаҳои боло вобаста ба далелҳои ақлӣ ҳастанд.

Умедворем Худованд имони моро нисбат ба маод маҳкамтар, шинохти моро аз дин бештар ва қадами моро дар бандагиаш устувортар бигардонад.

 

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед