Фалсафаи намоз 2

0
61

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Бахши дуввум

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки намоз аз ҷойгоҳи бисёр боло, дар дини Ислом бархурдор аст, дар бахши аввал ба яке аз фалсафаҳои намоз ишора шуд ва дар идома ба зикри дигар мавридҳои он мепардозем.

Таҷдиди аҳду паймон бо Парвардигор:

Яке дигар аз фалсафаҳои намоз ин аст, ки инсони мӯъмин рӯзона панч маротиб бо Аллоҳ таҷдиди аҳд мекунад ва мегӯяд:

الْحَمْدُ لِلَّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ

«Хамд ва ситоиш фақат барои Парвардигори оламиён аст.» (Фотиҳа/1).

الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ

Ту Раҳмон ва Раҳим ҳастӣ ва мо дар сояи раҳматат зиндагӣ мекунем.

مَالِكِ يَوْمِ الدِّينِ

Дар охират низ хама чиз аз они ту мебошад ва ҳама дар муқобилат бо дастони холӣ қарор хоҳанд гирифт магар касоне, ки аъмоле анҷом додаанд, ки ризояти туро ҳосил намуда бошанд.

إِيَّاكَ نَعْبُدُ

Парвардигоро! фақат туро ибодат мекунем, ва ҳамаи ибодотро фақат барои ту анҷом медиҳем ва номи касе дигареро дар ибодатат шарик намекунем.

وَإِيَّاكَ نَسْتَعِينُ

Парвардигоро! фақат аз ту кӯмак  мехоҳем, ва дар ҳангоми ранҷҳову гирифториҳо фақат дар забони мо номи ту хоҳад буд, ва ҳамеша ё Аллох мегӯем  зеро танҳо ту мушкилгушо ҳастӣ ва ҳоҷатдиҳанда  ва танҳо ту ҳастӣ, ки дар мушкилот ба мо кӯмак мекунӣ.

اهْدِنَا الصِّرَاطَ الْمُسْتَقِيمَ

Худоё! Мо талош ва кӯшиш мекунем, ки дар тамоми умри хеш дар сироти мустақим қадам бигузорем, вале аз ту мехохем ба мо тавфиқ насиб кунӣ, ки бо ибодоти худ дар ҳамон роҳи росте, ки паёмбарат мерафт ҳаракат намоем.

صِرَاطَ الَّذِينَ أَنْعَمْتَ عَلَيْهِمْ

Мо саъй ва талош мекунем, ки ба роҳи Паёмбарон(а), сиддиқин, шаҳидон ва некон биравем, вале рафтан ба ин роҳ бидуни тавфиқи ту муяссар намегардад. Моро тавфиқ насиб кун, ки роҳи ононро идома дихем.

غَيْرِ الْمَغْضُوبِ عَلَيْهِمْ

Худоё! мо намехоҳем ба роҳи касонӣ биравем, ки бо нисбат додани сифоте, ки шоистаи зоти муқаддаси ту нест худро мавриди ғазабат қарор доданд, бинобарин барои мо тавфиқ насиб кун, ки роҳи ононро идома надихем.

وَلَا الضَّالِّينَ

Парвардигоро! мо намехоҳем ба роҳи гумроҳоне биравем, ки бо вуҷуди иддаои имон роҳи ҳақро тарк намуда ба роҳи гумроҳон рафтанд, моро тавфиқ насиб кун, ки қалби мо фақат бо ту бошад, ва фақат туро ибодат кунем ва аз роҳи гумроҳон дур бошем.

قُلْ هُوَ اللَّهُ أَحَدٌ

Худоё! Ту зоти ягона ҳастӣ ва шарику монанд надорӣ ва мо аҳд мекунем, ки танҳо туро ягона дониста ва туро парастиш кунем. (Ихлос/1).

اللَّهُ الصَّمَدُ

Парвардигоро! Ту зоти бениёз ҳастӣ ва ниёзе ба вазиру ҳамкор надорӣ, ки аз тариқи онҳо ба пеши ту биоем, бинобарин мустақим ба даргоҳи ту меоем ва мустақим аз ту кӯмак мехоҳем. (Ихлос/2).

لَمْ يَلِدْ وَلَمْ يُولَدْ وَلَمْ يَكُنْ لَهُ كُفُوًا أَحَدٌ

Ё Аллох! Ту зоте ҳастӣ, ки зарурате ба фарзанд, ҳамсар, ва волидайн надорӣ, мо инсонҳо муҳтоҷ ба инхо ҳастем, бинобарин ягонагии ту ба ҳамин сабаб аст, ки аз доштани фарзанд, волидайн ва шарик пок ҳастӣ.(Ихлос/3-4 ).

سبحان ربی العظیم

Ё Аллоҳ! Ту зоти бо азамат ҳастӣ ва бузургӣ ва азамат танҳо шоистаи ту аст, бинобарин танҳо сари таъзимро ба даргохи ту хам мекунем.

سبحان ربی الاعلی

Худоё! зоти олимақом танҳо ту ҳастӣ, бинобарин танҳо пешонии худро, ки олитарин узви баданамон аст танҳо ба пешгоҳи ту бар замин мегузорем ва танҳо ба даргоҳи ту сачда карда ва туро ба бузургӣ ёд мекунем.

التحیات لله

Худоё! тамоми иҳтиромот фақат ба зоти ту шоиста аст ва мо дар муқобилат ба қаъда нишаста ва изҳори иҳтиром ба даргохат мекунем.

والصلوات

Худоё! тамоми намозҳо ва дуоҳо фақат ба зоти Ту шоиста аст ва мо инҳоро фақат барои Ту анҷом медиҳем.

والطیبات

Парвардигоро! покиҳо шоиста зоти ту аст, аҳд мекунем, ки туро ба покӣ ёд кунем ва аз тамоми сифоте, ки шоистаи зоти ту нест қалб ва забони худро дур нигоҳ дорем.

اشهد ان لا اله الا الله و اشهد ان محمد عبده و رسوله

Худоё! шаҳодат медиҳем, ки ҳеҷ касе ба ғайр аз ту сазовори ибодат нест, ва ба ин шаҳодати худ пойдор ҳастем, ва ҳамчунин ҳазрати Муҳаммад (с)-ро банда ва фиристодаи ту медонем.

 

Парвардигоро! Некиҳои дунё ва охиратро насиби мо бигардон, ва мо ҳам аҳд мекунем, ки дар дунё ба роҳи нек биравем ва аз неъматҳоят дар умури хайр истифода кунем, ва дар зиндагӣ шукри неъматҳоятро адо намоем ва пас аз ҳаёти чандрӯзаи ин дунё низ некиҳои охиратро, ки ризояти ту, ва ҷаннати ту, ва наҷот аз азоби қабр, сахтиҳои рӯзи маҳшар ва дурӣ аз оташи дӯзах аст насиби мо бигардон.

Бар ин асос як инсони мӯъмин дар ҳар намози худ чунин паймонхоеро бо Парвардигори худ мебандад, ва касе, ки чунин мутааҳҳид бошад Аллоҳ низ чизҳои, ки барои мӯъминон ваъда намудааст дар дунё ва охират насибашон мегардонад.

Парвардигоро! Моро аз намозгузорони ҳақиқӣ қарор деҳ. Омин!

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед