Паёмбаршиносӣ

0
125

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Муқаддима

Оё инсонҳо ба ҳидояти ашхосе, ки аз ҷониби Худованд ба нубувват мабъус шудаанд, ниёзманд аст?

Агар паёмбарони илоҳӣ дар таърихи ҳаёти башар набуданд, чӣ нақс ё камбудиҳое дар зиндагии инсон падид меомад?

Агар бипазирем инсонҳои гузашта ниёзманди ҳидояти анбиё будаанд, оё ин ниёз, барои инсонҳои имрӯза, ки бархурдор аз донишҳои фаровоне аст ва рушди ақлонии фаровоне ёфта, ҳамчунон боқӣ аст?

Паёбарони илоҳӣ барои чӣ омадаанд? Рисолати онҳо чӣ будааст? Ончи паёмбарон барои башар ба армуғон овардаанд (дин), чӣ осор ва фоидаҳое дар тӯли таърих доштааст?

Инҳо бархе аз пурсишҳое аст, ки дар баҳси «паёмбаршиносӣ» матраҳ ва ба онҳо посух дода мешавад. Гарчи дар ин навиштори кӯтоҳ наметавон ба таври муфассал  ба ҳамаи пурсишҳои марбут ба ваҳй ва нубувват посух дод, аммо мекушем, муҳимтарини онҳоро бо баёни сода, баррасӣ кунем.

Набӣ кист ва ваҳй чист?

Калимаи набӣ дар луғат ду маъно дорад:

  1. Соҳиби хабари муҳим; Ин дар сурате аст, ки онро аз решаи «набаъ» бидонем, зеро «набаъ» ба маънои хабари муҳим аст.
  2. Дорои мақоми воло ва барҷаста; Ин дар сурате аст, ки решаи онро «набватун» бидонем, зеро «набва» ба маънои баландӣ ва иртифоъ аст.

Калимаи набӣ дар истилоҳ:

Набӣ касе аст, ки аз ҷониби Худованд ба ӯ ваҳй шуда ва барои ҳидояти мардум ба саодати ниҳоӣ мабъус шудаанд.

Аз таърифи ёдшуда дониста мешавад, ки шинохти набӣ бидуни шинохти ваҳй мумкин нест, аз ин рӯ тавзеҳи кӯтоҳе дар бораи вожаи «ваҳй» зарурӣ аст.

Ваҳй чист?

Ваҳй дар луғат ба маъонии мухталифе омадааст; аз ҷумла: ишорат, китобат, навишта, рисола, пайғом, сухани пӯшида ва эълон дар хифо. (Ибни Манзур, Лисон-ул-араб,ҷ15, саҳ. 380.)

Дар Қуръони Карим, ваҳй ба чор маъно ба кор рафтааст:

  1. Ишораи пинҳонӣ; монанди:

فَخَرَجَ عَلَى قَوْمِهِ مِنَ الْمِحْرَابِ فَأَوْحَى إِلَيْهِمْ أَن سَبِّحُوا بُكْرَةً وَعَشِيًّا

«Пас, аз меҳроб ба сӯи қавмаш берун омад; он гоҳ ба онон ишора кард, ки субҳу шом тасбеҳ гӯед.» (Марям, ояти 11.)

  1. Ҳидояти ғаризӣ; яъне ҳидояте, ки ҳар навъ мавҷудоте аз гиёҳ, ҳайвон, инсон ва ҳатто ба як маъно аҷсоми бе ҷон ба таври табиӣ ва ғаризӣ аз он бархурдоранд ва бо он, роҳи бақо ва идомаи ҳаёти худро мепаймоянд:

وَأَوْحَى رَبُّكَ إِلَى النَّحْلِ أَنِ اتَّخِذِي مِنَ الْجِبَالِ بُيُوتًا وَمِنَ الشَّجَرِ وَمِمَّا يَعْرِشُونَ  ثُمَّ كُلِي مِن كُلِّ الثَّمَرَاتِ فَاسْلُكِي سُبُلَ رَبِّكِ ذُلُلاً

“Ва Парвардигорат ба занбӯри асал илҳом кард, ки аз кӯҳҳо ва аз дарахтон ва аз он чи [мардум] бино мекунанд, хонаҳое бигир.  Сипас, аз ҳамаи меваҳо бихӯр ва роҳҳои Парвардигоратро фурӯтанона бипаймо.” (Наҳл, ояти 68 ва 69.)

  1. Илҳом (нидои ­ғайбӣ); Инсонҳои вораста дар тӯли зиндагии худ гоҳ паёмҳоеро дарёфт мекунанд, ки аз моварои табиат ва олами ғайб аст. Ин паёмҳои ғайбӣ ба вежа дар мавориди изтирор ва лаҳазоте, ки инсон дар бунбаст қарор гирифтааст, монанди нуре дар дил медурахшад ва роҳро бар ӯ равшан месозад.

Ин паёмҳо, ки аз ҷаҳони ғайб ба ёрии инсон меояд ва аз инояти илоҳӣ сарчашма мегирад, ки дар Қуръон “ваҳй” хонда шудааст:

وَأَوْحَيْنَا إِلَى أُمِّ مُوسَى أَنْ أَرْضِعِيهِ فَإِذَا خِفْتِ عَلَيْهِ فَأَلْقِيهِ فِي الْيَمِّ وَلَا تَخَافِي وَلَا تَحْزَنِي إِنَّا رَادُّوهُ إِلَيْكِ وَجَاعِلُوهُ مِنَ الْمُرْسَلِينَ

Ва ба сӯи модари Мӯсо илҳом кардем, ки: «Ӯро шир бидеҳ; ва ҳангоме, ки бар [ҷони] ӯ тарсидӣ, пас, ӯро дар дарё биандоз; ва матарс ва ғамгин мабош, ҳамоно Мо ӯро ба сӯи ту боз мегардонем ва ӯро аз паёмбарон қарор медиҳем».” (Қасас, ояти 7.)

  1. Ваҳйи рисолатӣ; Ваҳй ба ин маъно ҳамон чизе аст, ки ихтисос ба паёмбарон дорад ва хосси мақоми нубувват аст. Дар Қуръони Карим беш аз ҳафтод бор, ваҳй дар ин маъно ба кор рафтааст; монанди:

وَكَذَلِكَ أَوْحَيْنَا إِلَيْكَ قُرْآنًا عَرَبِيًّا لِّتُنذِرَ أُمَّ الْقُرَى وَمَنْ حَوْلَهَا

Ва ингуна Қуръони арабиро ба сӯи ту ваҳй кардем, то Уммул-қуро (=аҳолии Макка) ва касонеро, ки дар атрофаш ҳастанд, ҳушдор диҳӣ.” (Шуро, ояти 7.)

Ваҳйи рисолӣ навъе ҳидояти илоҳӣ аст, ки Худованд дар ихтиёри инсонҳои баргузида қарор медиҳад, то ҳам худ роҳи саодатро биёбанд ва ҳам башарро роҳбар ва роҳнамо бошанд.

Паёмбарон ба манзалаи дастгоҳи гирандае ҳастанд, ки дар пайкараи башарият кор гузошта шудааст, то ин паёмро аз ҷониби Худованд дарёфт карда ва ба гӯши инсонҳо бирасонанд. Онон инсонҳои воло ва такомулёфтае ҳастанд, ки тавонистаанд салоҳияти дарёфти ин навъ огоҳиро дар худ падид оваранд ва ин салоҳиятро Худованд медонаду бас:

اللّهُ أَعْلَمُ حَيْثُ يَجْعَلُ رِسَالَتَه

Худо донотар аст, ки рисолаташро куҷо қарор диҳад.(Анъом, ояти 124.)

Ибни Масъуд(р) аз Расули Худо(с) ривоят мекунад, ки фармуданд:

إنَّ للهَ نَظَرَ فِي قُلُبِ العِبَادِ فَوَجَدَ قَلبَ مُحَمَّدٍ-صلي الله عليه و سلم- خَيرَ قُلُوبِ العِبَادِ فَاصطَفَاهُ لِنَفسِهِ فَابتَعَثَهُ بِرِسَالَتِهِ

«Ҳамоно Худованд ба қалб ва равонҳои бандагон назар афканд ва қалбу равони Муҳаммад(с)-ро некӯтарин қалбҳои бандагон ёфт, пас ӯро барои хеш баргузид ва бо рисолаташ ӯро барангехт.» (Муснади Аҳмад, ҳадиси 418.)

Ваҳйи рисолӣ, монанди илҳом (маънои сеюми ваҳй), нидои ғайбӣ ва бархурдорӣ аз ҳидояти илоҳӣ аст, бо ин тафовут, ки маншаи илҳом барои гирандаи он пӯшидааст, аммо маншаи ваҳй барои гирандаи ваҳй (паёмбарон) маълум аст ва ба ҳамин ҷиҳат, паёмбарон ҳаргиз дар гирифтани паёми осмонӣ дучори ҳайрат ва иштибоҳ намешаванд.

Таъсири ваҳй бар паёмбар

Ҳарчанд падидаи ваҳй амри маҳсус нест ва наметавон онро бо ҳеҷ яке аз ҳавоси зоҳирӣ дарк кард, аммо метавон онро аз тариқи осораш дарёфт; ҳамон гуна ки шуҷоат, тақво ва соири малакоти нафсониро на метавон дид ва на шунид ва на ламс кард, аммо метавон аз тариқи осори онҳо ба вуҷудашон дар бархе ашхос, пай бурд.

Ваҳйи илоҳӣ таъсири азиме бар шахсияти Паёмбар мегузорад ва ба ҳақиқати ӯро «мабъус» намуда, таҳавули амиқ ва бузург дар ӯ падид меоварад ва ҳамаи нерӯҳои ӯро барои ҳидояти башар басиҷ мекунад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед