Намоз иртиботи ҳақиқӣ бо Худо

0
99

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Дар ҳамаи адён аз гузашта то ба имрӯз, барои ин ки инсон битавонад ихлос дар бандагиро ба хубӣ таҳаққуқ бахшад Худованд ӯро мукаллаф ба иқомаи намоз кардааст. Агарчи шеваҳои иқомаи намоз дар адёни гуногун бо ҳам фарқ дорад, аммо рӯҳ ва ботини амал яксон аст. Яъне инсон ҳамеша бояд бо рафтори вижа бо Худо иртибот дошта бошад то ба ин тартиб битавонад дар қолаби рафторҳо ва кирдорҳое, ки дар тӯли зиндагӣ анҷом медиҳад пояи бандагиашро мустаҳкам ва устувор созад, зеро инсон танҳо замоне метавонад Худоро бандагӣ кунад, ки бо Ӯ дар иртибот бошад. Иртибот бо Худованд ҳам ба қолаби вижа ниёз дорад ва ин қолаб, «намоз» номида шудааст.

Вақте, ки Худованди Мутаол ҳазрати Мӯсо (а)­-ро ба паёмбарӣ баргузид ба ӯ фармуд:

وَأَنَا اخْتَرْتُكَ فَاسْتَمِعْ لِمَا يُوحَى

«Ва ман туро баргузидаам, пас ба ончи ваҳй мешавад гӯш фаро деҳ (Тоҳо/13).

Баъд аз он поя ва асоси дин яъне тавҳидро ба ӯ иблоғ карда ва мефармояд:

إِنَّنِي أَنَا اللَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا أَنَا

«Қатъан манам Худое, ки маъбуди ростине ҷуз ман нест…» (Тоҳо/14).

Сипас ба ӯ фармуд:

فَاعْبُدْنِي

«Пас маро бипараст…» (Тоҳо/14).

Чун танҳо ман маъбуд ҳастам ва ту бандагии худро ба ҷо овар.

Онгоҳ фармуд:

وَأَقِمِ الصَّلَاةَ لِذِكْرِي

«Ва ба ёди ман намозро барпо дор». (Тоҳо/14).

Пас ба таври хулоса метавон гуфт, агар намоз набошад аз Худованд ба хубӣ ёд нахоҳад шуд ва агар ёди Худо нашавад, иртибот бо Худо барқарор намешавад ва агар иртибот набошад, ихлос падид намеояд ва шакли рафтор ва кирдор аз рӯҳи ихлос бархурдор намешавад ва дар натиҷа ба таври шоиста бандагӣ анҷом нагирифтааст.

Ҳоло, ки ин матолиб баён шуд, лозим аст барои расидан ба ихлос ва бандагии воқеӣ, ки хушӯъ ва ҳузури қалб дар намоз аст, нукоте гуфта шавад.

Дар асри ҳозир аз аҳаммият ва азамати намоз кам шудааст ва аз намоз фақат ҳамон ҳолати зоҳириаш боқӣ мондааст. Дар сурате, ки милоки қабул шудани намоз ин аст, ки инсон худро дар маҳзари Худованд дида ва дар пешгоҳи Ӯ фурӯтан бошад ва ин нишонаи имон аст, ҳамонгуна ки Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

الَّذِينَ هُمْ فِي صَلَاتِهِمْ خَاشِعُونَ

«Мӯъминон касоне ҳастанд, ки дар намозашон фурӯтан бошанд.» (Мӯъминун/2).

Ҳоло бояд бигӯем, ки чӣ чизҳое сабаби ҳузӯри қалб дар намоз мешавад:

1- Таваҷҷӯҳ ба мақом ва азамати Худованд

Ҳар инсон вақте назди шахси воломақом меравад, иҳтиром ва мақоми ӯро ҳамеша дар зеҳни худ дошта ва таваҷҷӯҳ мекунад, ки заррае ғафлат накунад то боиси нороҳатии он шахс гардад. Дар намоз ҳам инсон бо Худо суҳбат мекунад, агар ба азамати холиқи тамоми олам ва офаринандаи осмонҳо ва замин ва инки Худованд чиқадар лутфи бекарони худро бар инсон бахшидааст фикр кунад ба аҷзи худ пай бурда ва мефаҳмад назди чӣ касе қарор дорад ва ин фурӯтанӣ ба ӯ хушӯъ мебахшад.

2- Дар оятҳо ва зикрҳои намоз андеша ва тадаббур кардан

Қуръон барои андешидан ва тадаббур нозил шудааст, Худованд мефармояд:

كِتَابٌ أَنزَلْنَاهُ إِلَيْكَ مُبَارَكٌ لِّيَدَّبَّرُوا آيَاتِهِ وَلِيَتَذَكَّرَ أُوْلُوا الْأَلْبَابِ

«(Қуръон) китобе аст пурбаракат, ки бар ту нозил кардаем то дар оятҳои он тадаббур кунанд ва хирадмандон мутазаккир шаванд.» (Сод/29).

Тадаббур ҳосил намешавад магар онки маънои оятҳое, ки дар намоз хонда мешавад фаҳмида шавад. Пас дар он андеша мекунад ва мутаассир мешавад ҳамчунон, ки Худованд мефармояд:

وَالَّذِينَ إِذَا ذُكِّرُوا بِ‍آيَاتِ رَبِّهِمْ لَمْ يَخِرُّوا عَلَيْهَا صُمًّا وَعُمْيَانًا

«(Бандагони хосси Худованд) касоне ҳастанд, ки чун ба оятҳои парвардигорашон тазаккур дода шаванд, кар ва кӯр (чашм ва гӯш баста) ба саҷда намеафтанд (балки огоҳона амал мекунанд).» (Фурқон/73).

Аз инҷост, ки аҳамияти таваҷҷӯҳ ба маъно ва тафсири оятҳо равшан мешавад.

3- Паноҳ бурдан ба Худованд аз шарри Шайтон

Шайтон бадтарин душмани инсон буда ва аз ҷумла душманиҳои вай васваса аст. Шайтон дар намоз моро гирифтори васваса мекунад, то намози моро барҳам бизанад ва хушӯъ ва ҳузқри қалби намозгузорро аз байн бибарад. Чун намоз ганҷинаи пурсавоб аст ва Шайтон ҳам намехоҳад инсон ба ин савоб бирасад, лизо ҳангоми намоз дар пайи васвасаи ӯ бармеояд. Пас бар мӯъмин аст собитқадаму шикебо ва мулозими зикри Худо дар намоз бошад ва дармондаву оҷиз нашавад, зеро ин мулозимати инсон бо намоз ва ба ёди Худо будан Шайтонро аз ӯ ноумед мекунад зеро Худованд худ мефармояд:

إِنَّ كَيْدَ الشَّيْطَانِ كَانَ ضَعِيفًا

«Макр ва ҳилаи Шайтон заиф мебошад.« (Нисоъ/76).

Ҳаргоҳ банда бихоҳад бо тамоми вуҷуд ба Худо рӯй оварад, Шайтон бо анвоъ ва ақсоми васвасаҳо ҳамла мекунад ва аз ҳар даре ворид мешавад, то фикри намозгузорро мунҳариф кунад, чун Иблис ҳамонанди дузде аст, ки ба сармояи аслии инсон, ки ҳамон бандагӣ ва ибодати Парвардигор аст тамаъ дорад ва қасам хӯрдааст, ки мӯъминро аз роҳи рост гумроҳ кунад.

4- Аз корҳо ва чизҳое, ки хушӯъ ва ҳузури қалбро аз намозгузор мегирад дурӣ кунад.

Ба унвони мисол чанд намунаро зикр мекунем:
— Бо шиками сер ё бисёр гурусна намоз нахонад.
— Бо ҳолати сустӣ ва беҳолӣ ва хоболӯдагӣ намозро шурӯъ накунад.
— Дар ҳолате, ки ниёз ба қазои ҳоҷат дорад намоз баҷо наоварад.
— Дар маконе, ки ашё ва тасовире, ки мумкин аст зеҳни инсонро мунҳариф кунад, намоз нахонад.
— Дар макони сериздиҳом ва ё дар ҷое, ки шахсе машғули суҳбат аст намоз нахонад.
— Дар ҳангоми намоз бо аъзо ва ҷавориҳи худ ҳаракоти изофӣ анҷом надиҳад.
— Ҳангоми намоз хондан ба атроф нигоҳ накунад.

Масали касе, ки дар намоз ба атроф нигоҳ мекунад монанди касе аст, ки подшоҳе ӯро эҳзор карда ва мухотаби худ қарор додааст, аммо вай дар ҳангоми сухан гуфтани подшоҳ ба ҷои дигар нигоҳ мекунад ва қалбаш мутаваҷҷеҳи подшоҳ нест ва намефаҳмад, ки ба ӯ чӣ гуфта мешавад; оё чунин касе аз чашми подшоҳ намеафтад ва бо хашм ва нафрат бо ӯ бархурд намешавад?

Аммо бар хилофи ӯ, инсони дигаре аст, ки бо ҳузқри қалб дар баробари Парвардигор истодааст ва азамати истодан дар пешгоҳи Парвардгорро дарк мекунад ва қалбаш аз хавф саршор ва лабрез аст ва бо хузӯъ ва тавозӯъ истода ва аз Худованд шарм дорад, ки агар ба ғайри Ӯ рӯй оварад бандагии ҳақиқӣ накардааст. Ин ду шахс бо ҳам баробар нестанд ва миёни он ду дидор ва иртибот фосила бисёр аст. Фосилаи он ду монанди фосилаи миёни замин ва осмон аст, зеро яке аз он ду бо ҳузқри қалб ба Худо рӯй оварда ва дигарӣ дар ғафлат аст.

Сухани охир

Дар замони ҳозир бузургӣ ва азамати намоз назди баъзе аз мусулмонон ба таври комил мавриди таваҷҷӯҳ қарор намегирад ва танҳо барои соқит шудани таклиф аз гардани худ онро баҷо меоваранд, дар ҳоле, ки намоз лаззатбахштарин амал назди Паёмбари Акрам (с) буд ва ҳар замон, ки барои он ҳазрат нороҳатӣ ва ё нигароние пеш меомад ба намоз руй меоварданд.

Ҳамчунин Паёмбари Акрам (с) ҳамеша дар интизори расидани вақти намоз буданд, ки ба муаззини худ яъне Билол мефармуданд:

« أرِحْنَا بِهَا يَا بِلاَلُ »

Эй Билол! бо азон гуфтан барои намоз ба мо роҳатӣ бибахш. (Сунани Абӣ Довуд, ҳадиси 4985.)

Парвардгоро! ҳамаи мӯъминонро тавфиқи хондани намози бо ҳузури қалб иноят бифармо ва насли моро аз иқомакунандагони намоз қарор деҳ. Омин!

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед