Худошиносӣ

0
132

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Оё шинохти Худо аз назари донишмандони мотуридӣ шаръӣ аст ё ақлӣ?

Вуҷуди Худо бештар шинохтанӣ аст, то исбот карданӣ, зеро мақсад аз Худо яъне ҳастӣ ва ҳақиқати вуҷуд аст ва мо ҳам дар асли ҳастӣ шак надорем. Бинобар ин бо қабули ҳастӣ ба вуҷуди Худо низ эътироф кардаем. Ҳарчанд далелҳои зиёде дар мавриди исботи вуҷуди Худо баён шудааст. Фақат бояд дид, ки ин ҳастӣ дорои чӣ хусусиёт ва вежагиҳое мебошад.

Дар Қуръони Карим баҳси исботи вуҷуди Худо ва далеле барои он наёмада аст, фақат дар мавриди тавҳид, сифот ва афъол баҳс шудааст.

Чуноне ки дар Қуръони Карим омадааст:

أَفِي اللّهِ شَكٌّ فَاطِرِ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ

“Оё дар Худо шак аст, Худое, ки осмонҳо ва заминро офарида аст?”. (Сураи Иброҳим, ояти 10)

Башар бо ҳар мазҳаб ва маслак ба ҳукми хости фитрии худ дар ҳар замону макон дар бораи низоми куллии олам ва асли вуҷуди Худо изҳори назар кардааст.

Баҳси Худошиносӣ дар калом ва андешаи мотуридиён низ аҳамияти зиёде дошта ва ҳеҷ як аз мутакаллимони мотуридӣ аз ин баҳс фуругузорӣ накардаанд.

Дар миёни донишмандони мотуридӣ ҳамчун дигар мутакаллимон, ақида бар иҳота надоштан бар зоти Бори Таъоло вуҷуд дорад. Ҳарчанд ба сурати мустақил ба ин баҳс напардохтаанд, аммо аз миёни мабоҳиси дигарашон метавон ба ин натиҷа расид. ( Ат-тавҳид, саҳ 81, таҳқиқи Фатҳуллоҳи Халиф, Миср – Искандария, Дорул ҷомеъот)

Зеро шинохти кунҳи зоти Бори Таъоло лозимааш иҳотаи ба он Зот мебошад. Ва иҳота бар Худо ба хотири маҳдудияти фаҳмиши мо ва набудани маҳдудияти Худованд имконпазир нест.

Ҳамчуноне, ки дар Қуръони Карим омадааст:

وَلَا يُحِيطُونَ بِهِ عِلْمًا

“Ва онон ба Ӯ (Худо) иҳотаи илмӣ надоранд”. (Сураи Тоҳо, ояти 110)

Чи тавре, ки дар боло қайд кардем шинохти ҳастӣ яъне Бори Таъоло дорои вежагиҳо ва хусусиёте аст, ки дар инҷо ба он мепардозем:

Дар мавриди асли пазируфтани сифоти Илоҳӣ донишмандони мотуридӣ эътиқод доранд, ки шинохти сифоти Худованд воҷиб аст. Аммо аз назари бархе аз онҳо воҷиб будани шинохти Худо ва авсофаш воҷиби ақлӣ ва аз назари бархе дигар воҷиби шаръӣ аст.

Аксари мотуридиён, ки аз назари каломӣ пайрави Абумансури Мотуридӣ ҳастанд ин вуҷубро воҷиби ақлӣ дониста ва эътиқод доранд агар Худо пайғамбареро ҳам намефиристод боз ҳам шинохти Худо ақлан воҷиб буд. (Абумансури Мотуридӣ, Таъвилоту аҳли суннат, ҷ 3, саҳ 421, сураи Нисоъ, зери ояти 165)

Абумансур муътақид аст: “Ин ақл нест, ки шинохти Худоро воҷиб мекунад, балки Худо ба воситаи ақл шинохти худро воҷиб кардааст”. (Ал Бидоя минал Кифоя, (китоби Нуриддини Собунӣ, Абубакр Аҳмад Ибни Маҳмуд ибни Абубакри Собунии Бухорӣ, аз олимони бузургӣ ҳанафии мотуридӣ дар қарни шашум аст).  саҳ 149, таҳқиқи Фатҳуллоҳи Халиф, искандария, дорул маъориф 1969м.)

Далели дигаре, ки қоилон бар шинохти ақлии Худо овардаанд ин аст, ки исботи воҷиби шаръӣ чандин мартаба баъд аз шинохти Худо аст, яъне аввал бояд Худо ва сифоташро бо ақл шинохт ва баъдан бо ҳамин ақл пайғамбари Худоро низ шинохт, то битавонем ба шаръ муътақид шавем. Бинобар ин шинохти Худо аз роҳи ақл қатъӣ мешавад.

Аммо бархе ҳамчун Баздавӣ ин шинохти Худоро шаръӣ донистаанд. (Усули Дини Баздавӣ, саҳ 207, Миср, дорул эҳёи ал-кутубул- арабия. Соли 1383 қ)

Ва қоилон ба вуҷуби шаръӣ, ба ин оёти қуръонӣ истидлол мекунанд, ки мефармояд:

إِنَّا أَرْسَلْنَا نُوحًا إِلَى قَوْمِهِ أَنْ أَنذِرْ قَوْمَكَ مِن قَبْلِ أَن يَأْتِيَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ  

“Қавми худро инзор кун пеш аз онки азоби дарднок ба суроғашон ояд.” (Сураи Нуҳ, ояти 1)

وَمَا كُنَّا مُعَذِّبِينَ حَتَّى نَبْعَثَ رَسُولاً

“Мо ҳеҷ қавмеро азоб намекунем, то замоне ки пайғамбаре бифиристем”. (Сураи Исроъ, ояти 15)

Онҳо мегӯянд: ин оёт лозимаи шинохти Худоро қабл аз беъсат рад мекунад ва дар натиҷа шинохти Худо ақлӣ набуда, балки шаръӣ мебошад.

Натиҷае, ки ин ду гуруҳ мехоҳанд бигиранд, ин аст, ки афроди болиғ ва ҳамчунин кудаки оқиле, ки пеш аз даст ёфтан ба даъвати анбиё аз дунё бираванд ва Худоро аз роҳи ақли худ нашиносанд аз дидгоҳи дастаи аввал (яъне худи Абумансур Мотуридӣ ва бештари мотуридиён), кофир аз дунё рафта ва дар қиёмат азоб хоҳанд шуд.

Аммо аз дидгоҳи дастаи дуввум аз ҷумла Баздавӣ, ин афрод дар қиёмат мустаҳаққи азоби Худо нестанд ва ҳукми онҳо монанди ҳукми маҷонин (девонагон) ва атфол мебошанд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед