Тавҳид

1
175

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Муқаддима

Тавҳид дар истилоҳи илми Калом ба ду маъно ба кор меравад.

Аввал: Тавҳид ба маънои эътиқод ба ягонагии Худо ва мубарро донистани Худо аз мислу монанд мебошад. Яъне эътиқод ба тавҳид дар зоти Худо, сифоти Худо, афъоли Худо, тавҳид дар улуҳият, рубубият ва ғайра.

Дуввум: Тавҳид ба маънои Худошиносӣ, ки тамоми баҳсҳо дар бораи Худовандро шомил мешавад. Монанди исботи вуҷуди Худо, исмҳои ва сифоти Худо, афъоли Худо ва ҳатто баҳси Паёмбаршиносӣ ва Маъодро дар бар мегирад. Абумансури Мотуридӣ дар китоби ’’ Ат-тавҳид’’-и худ ба баррасӣ ва исботи ҳамаи ақидаҳои исломӣ дар замони худ пардохта, ва ҳамаи он баҳсҳоро “тавҳид” номидааст.

Аммо ончи дар ин баҳс, мавриди назари мост, маънои аввали тавҳид, яъне эътиқод ба ягонагӣ ва беҳамтоӣ Худованд аст.

Тавҳид қисмҳои мухталифе дорад, ки муҳимтарин он, тавҳид дар улуҳият, тавҳид дар рубубият, тавҳид дар зоти Худо, тавҳид дар сифоти Худо, тавҳид дар афъоли Худо мебошад.

Тавҳид дар улуҳият

Яке аз қисмҳои тавҳид, тавҳид дар улуҳият аст, ки бар асоси он танҳо мавҷуде, ки шоистагии парастиш ва ибодатро дорад, Худованди яктост. Шиори тавҳидии Ислом ва калимаи “Ло Илоҳа Иллаллоҳ” ба тариқи ошкор бар тавҳид дар улуҳият таъкид меварзад.

Тавҳид дар улуҳият бар дигар анвоъи тавҳид бартарӣ дорад ва болотарин дараҷаи тавҳид ба ҳисоб меояд. Зеро тавҳид дар улуҳият, эътироф кардан ба ин аст, ки танҳо мавҷуде мустаҳаққи ибодат ва парастиш аст, ки ҳамаи сифоти камол ва ҷамолро доро бошад.

Бархе аз муҳаққиқоне, ки дар бораи мактаби мотуридия таҳқиқ кардаанд, бар Абумансури Мотуридӣ ва мотуридиён чунин ишкол кардаанд, ки онҳо дар илми Калом танҳо ба тавҳид дар холиқият ва тавҳид дар рубубият пардохтаанд ва аз тавҳид дар улуҳият ғафлат варзидаанд ва ба баррасии он напардохтаанд, дар ҳоле, ки Қуръони Карим бар тавҳид дар улуҳият бештар таъкид дорад ва сухани аслии Пайғамбари Акрам (с) низ тавҳид дар улуҳият (Ло илоҳа илаллоҳ) буд.

Аз ҷумла дуктур Аҳмад ал -Ҳарбӣ мегӯяд:

Мотуридиён ҳамонанди дигар фирқаҳои каломӣ ба тавҳид дар улуҳият напардохтаанд ва ҳеҷ яке аз онҳо ба он таваҷҷуҳе накардаанд… онон байни тавҳид дар улуҳият ва тавҳид дар холиқият фарқе нагузоштаанд ва гумон кардаанд, ки тавҳид дар улуҳият ҳамон қудрат бар халқ ва падидовардан аст. Ва аз ин ҷиҳат бар ин эътиқод ҳастанд, ки мақсад аз ояти (لَوْ كَانَ فِيهِمَا آلِهَةٌ إِلَّا اللَّهُ لَفَسَدَتَا) “агар дар он ду (осмону замин) худоёне мутааддид ҷуз Худованди ягона буд, табоҳ мешуданд”, (Сураи Анбиё, ояти 22) Тавҳид дар Рубубият аст. (Аҳмад ал Ҳарбӣ, Алмотуридияту Деросатан ва Тақвиман, саҳ 212)

Аммо ҳақиқат он аст, ҳар чанд Абумансури Мотуридӣ ва донишмандони мотуридия мартабаҳои тавҳид, монанди тавҳид дар улуҳият ва тавҳид дар рубубиятро ба сурати ҷудогона ва густарда баён накардаанд ва байни тавҳид дар улуҳият ва тавҳид дар рубубият ба сурати ошкоро фарқ нагузоштаанд, аммо чунин нест, ки онҳо аслан ба тавҳид дар улуҳият напардохта бошанд ва онро ба фаромушӣ супорида ба он ҳеҷ таваҷҷуҳе накарда бошанд.

Аз ҷумла худи Абумансури Мотуридӣ дар китоби тафсири маъруфаш ’’Таъвилоту аҳли ас-сунна’’ дар зери тафсири ояи

وَإِلَهُكُمْ إِلَهٌ وَاحِدٌ لاَّ إِلَهَ إِلاَّ هُوَ الرَّحْمَنُ الرَّحِيمُ

“Ва маъбуди шумо, маъбуди ягонае аст, ки ҷуз Ӯ ҳеҷ маъбуде нест”, (Сураи Бақара, ояти  163) ба баҳс дар бораи тавҳид дар улуҳият пардохта чунин  мегӯяд:

’’Ин исм (илоҳ) ба ин сабаб зикр шудааст, ки назди араб ҳар маъбуде, ки мавриди парастиш қарор мегирад илоҳ номида мешавад….. Бинобар ин, фақат илоҳе шоистагии улуҳият ва ибодатро дорад, ки воҳиди биз-зот бошад’’. (Абумансури Мотуридӣ, Тавилоту аҳли ас-сунна, ҷ 1, с 609)

Бархе дигар аз мотуридиён бар ин ақидаанд, ки тавҳид дар улуҳият, натиҷаи тавҳид дар рубубият ва асари он аст, яъне инсон касеро сазовор ва шоистаи парастишу ибодат медонад, ки ӯро холиқ ва раб ва мудаббири ҳастии худ бидонад. (Мулло Алӣ Қорӣ, шарҳи Фиқҳи Акбар саҳ 39)

Пас бо исботи тавҳид дар рубубият, тавҳид дар улуҳиятро низ метавон ба  исбот расонид.

 

1 ШАРҲ

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед