Одоб ва ахлоқи мусалмонӣ 2

0
42

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

“Бахши 2-юм”

Бо муқаддимае, ки дар бахши якум баён гашт, ҳоло лозим аст нигоҳе дошта бошем ба мафҳум ва дигар паҳлӯҳои матраҳ дар мавзӯи “Адаб ва ахлоқи мусалмонӣ”, то мухотаби ин навиштор, бо омодагии бештар вориди зиндагӣ, тафаккур ва амал дар чорчубаи “одоб ва ахлоқи мусалмонӣ” гардад.

Мафоҳим

Барои фаҳми беҳтари ҳар илм ва андеша, бояд вожа ва мафоҳиме, ки дар он матраҳ астро ба хубӣ дарк ва онгоҳ ҷумла ва гузораҳое, ки дар он мавзӯъ зикр мегардадро таваҷҷуҳ, таҳлил ва фаҳм намоем, то дар марҳилаи амал кардан ба онҳо, дучори саҳву хато нагардем ва бо номи илми “одоби мусалмонӣ” ба инҳироф ва каҷроҳа ворид нашавем. Чунон, ки аз номи ҳамин илми ба сабаби фаҳму дарки ғалат ва нобаҷо гурӯҳе  ҷомеаи башариро фирорӣ ва гурӯҳи бисёреро аз ин унвони “одоби мусалмонӣ” рӯҳафтода гардондаанд. Гурӯҳеро ба ифрот(зиёдаравӣ) ва гурӯҳеро ба тафрит(кутоҳӣ) водор кардаанд. Аммо ончи ҳақ ва раво ва мавриди пазириши ҳар ҳақталаб ва оқиле низ ҳаст, ҳамон чизест, ки иншоаллоҳ дар ин матн, дар ҷиҳати ошноӣ ва ироаи таърифи ҳақиқи аз он ҳастем.

  • Адаб

Калимаи “Адаб” аз решаи арабӣ ба маъноҳои “рафтори некӯ, риёзат ва адабкардани нафс, дуо, таълим ва тарбият ва ҳусни тановул омадааст. Баъзе аз аҳли илм, байни вожаи “адаб” бо вожаи “ахлоқ” фарқи асосӣ гузоштаанд, аммо дар ниҳоят метавон “адаб”-ро ҳамон “ахлоқи некӯ” донист. (Р.к: Назратуннаим, имоми ҳарами маккӣ, ҷ2, с141. Мисбоҳулмунир, Фаюмӣ, с10. Тоҷул-Арус, Зубайдӣ, ҷ1, с276. Алмуҳкам вал-Муҳитул-Аъзам, ҷ9, с285).

  Муалллифони “Таҳзибул-луғат ва Муъҷамул-мақоисул-луғат” мегӯянд  адаб дар лисони араб ба маънои “даъвати мардум барои ҷамъ шудан бар сари суфра ва таому хӯрданӣ” омадааст. Ба суфра ва таом “маъдаба” низ мегӯянд.(Таҳзибуллуғат, Азҳарӣ, ҷ1, с146; Муъҷамул Мақоисуллуғат, Ибни Форис, ҷ1, с74) Ҳамчунин адабро “роҳнамоии мардум ба некӣ ва манъи онҳо аз бадиҳо” низ гуфтаанд. (Лисонул-Араб, Ибни Манзур, ҷ1, с206)

Ибни Қайими Ҷавзӣ(рҳ) мегӯяд: Ҳақиқати адаб ба коргирии хулқи ҷамил аст. Аз қувва ба феъл расонидани истеъдодҳои нафс, ки Худо онҳоро дар ниҳони инсон ҷой додааст, адаб номида мешавад. (Мадориҷуссоликин, Ҷавзӣ, ҷ2, с360)

Имом Мановӣ(рҳ) мегӯяд: риёзати нафсҳо ва ҳамаи маҳосин ва некиҳоро адаб гӯянд; ҳар амали некӯе, ки инсонро ба фазилат бирасонад  адаб аст. (Назратуннаим, имом хатиби маккӣ, ҷ2, с141)

Ҷурҷонӣ низ мегӯяд: Адаби маърифат ва шинохте, ки ба сабаби он аз ҳамаи хатоҳо эҳтироз ва парҳез мешавад. (Аттаърифот, Ҷурҷонӣ, с15)

Дар китоби Кашфуззунун омадааст: Ҳусни аҳвол дар қиём ва қууд ва ҳусни рафтор дар ҳамаи шууноти зиндагӣ ва ҳамаи сифатҳои ҳамида адаб номида мешавад. (Кашфуззунун, ҷ2, с2035; Мавсуатл-истилоҳотил-фунун, Таҳонавӣ, ҷ1, с121)

Ҷавзӣ ҳақиқати адабро дар адл мебинад ва мегӯяд: Ҳақиқати адаб адл аст. (Мадориҷуссоликин, Ҷавзӣ, ҷ2, с370)  Ҳар ҳоким ва масъул ва инсони оддӣ низ, дар ҷомеа ба масъалаи адаб, яъне доштани адолат ниёзманд аст, то ҷомеаи  солим ташкил гардад.

Вуҷуди ҳокими ноодилу золим ва мардуми бетараф ва дур аз адлу адолатхоҳӣ дар ҳар ҷое, ки бошад сабаби ташкили ҷомеаи  гумроҳ  шуда ва дар натиҷа  он ҷомеа беансиб аз савобу некиҳо хоҳад шуд.

Дар маҷмуъ ончи дар мафҳуми адаб вуҷуд дорад, ин аст, ки адаб ба корҳои шоиста ва некӯ ва таъйин шуда аз тарафи Худои Мутаолро гуфта мешавад. Ончи ғайри машрӯъ ва ғайри некӯст, адаб номида намешавад. Дар ҳақиқат адаб яъне чорчуба ва ҳайъате, ки афкор ва рафтори динӣ дар он ҷойгир шавад. Лизо наметавон дурӯғ, камкорию бадрафторӣ, фаҳшу бадзабонӣ, зулму беадолатие, ки аз мардум ва ҳокимон дида мешавадро адаб донист ва наметавон гуфт, ки он ҳоким адаби золимӣ ва адаби беадолатӣ дорад. Аммо метавон ба ҳокиме, ки бо одоб ва одил  аст гуфт, ки он ҳоким адаби хӯшрафторӣ, адаби адолат, адаби мардумдорӣ ва ғайра дорад.

Бо ин тавзеҳ собит мегардад, ки адаб дар ҳама корҳои некӯи ихтиёрии инсон вуҷуд дорад. Аз ҷумла “одоби бандагӣ ва ибодат, одоби ҳукумат ва қазоват, одоби тиловат ва қироат, одоби ҳамсоягӣ ва хешовандӣ, одоби таълим ва тааллум, одоби кор ва коргар, одоби масъул ва шаҳрванд ва одоби дифоъ, ҷанг ва ҷиҳод ва ғайра”.

Бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки ахлоқ, ки шомили фикру гуфтор ва рафтори инсонҳо мешавад ду бахш аст, яке некиҳо ва дигарӣ бадиҳо. Ончи аз фикру гуфтору рафтори инсон, ки нек ва хуб аст, ахлоқи ҳасан ва одоби мусалмонӣ номида мешаванд ва ончи носавоб ва бад аст, ахлоқи сайиа ва гуноҳ номида мешаванд.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед