Одоб ва ахлоқи мусалмонӣ 1

0
84

Бахши 1-ум

بِسمِ الله الرحمن الرحیم

 قال رسول الله(ص): کُلُّ شَیءٍ یَحتَاجُ إِلَی العَقلِ، وَ العَقلُ یَحتَاجُ إِلَی الأَدَبِ، لَن یَنجَحَ الأَدَبُ حَتَّی یُقَارِنَهُ العَقلُ، وَلا أَدَبَ لِمَن لا عَقلَ لَهُ (غررالحکم، ص۲۴۸

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

“Ҳама чиз ба ақл ниёз дорад ва ақл ба адаб ниёзманд аст. Адаб то бо ақл ҳамроҳ нашавад  бесамар аст; он касе, ки ақл надорад адаб низ нахоҳад дошт” (Ғурарулҳикам, саҳ 248)

Пешгӯфтор:

Одобу ахлоқи некӯ дар Ислом ҳамчун зербино ва пояи асосӣ барои эҷод, касб ва рушди иқтидори ақлӣ, илмӣ ва ҳукуматӣ шинохта мешавад.

Адаб барои фаҳму бовар ва амал ба маорифи динӣ дар ҷиҳати фардӣ ва иҷтимоӣ ва ба хусус дар ҷанбаҳои қудратӣ ва ҳукуматӣ дорои ҷойгоҳи муҳим ва асаргузор аст, то онҷо ки адаб идоракунандаи ақл ва қудрати инсон дониста мешавад.

Мудир  ва неруи корӣ аз дидгоҳи Ислом бояд одоб ва ахлоқро дар тамоми мароҳили фикр, тарҳ ва иҷрои корҳо дахолат диҳад. Чун адаб аст, ки эҷодкунандаи камол, шарофат, басират, тезҳӯшӣ ва ақлоният дар инсон ва иҷтимоъ аст. Бинобар ин ҳар шахси толиби камол ва саодат, дар ҷойгоҳи шогирд бошад ва ё устод, масъул бошад ва ё ҳоким, корманд бошад ва ё вазир, бояд адаб ва ахлоқи мавриди назари Исломро дошта бошад ва барои он ҷойгоҳи меҳварӣ ва асосӣ қоил бошад. Яъне  ҳамаи фикру гуфтор ва рафторашро бар асоси он танзим кунад.

Бо ин нигоҳи исломӣ, адаб натанҳо як амри шахсӣ ва фардӣ, балки як асли мабноӣ ва иҷтимоӣ аст. Дар тамоми мароҳили зиндагии башарият ва навъи нигоҳ ва рафтору робитааш бо Худо, худ ва дигарон ва ҳатто дигар мавҷудот, нақши асосӣ дорад. Ғафлат аз ин амри мабноӣ ва асосӣ, чунон зарба ва зараре ба фард ва ҷомеа мезанад, ки ҳатто натавонад аз неъматҳои моддӣ низ ба хубӣ баҳра бибарад, балки истифода аз манобеъ ва неъматҳои табиӣ низ аз масири ҳақ хориҷ ва дар ҷиҳати манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ ва бар зарарӣ дигарон қарор мегирад, ки дар натиҷа ҷомеаро ба нобудӣ ва шақовати дунёӣ ва ухравӣ савқ медиҳад. Роҳи наҷот аз он низ бозгашт ба ахлоқ ва одобест, ки Худованд ва паёмбарон ва солиҳон ва авлиёи илоҳӣ, онро барои башарият баён намудаанд.

Ончи дар ин масир муҳим аст, вуҷуди робитаи мабноӣ байни ахлоқ, ақлоният ва рушду саломати моддӣ ва маънавии инсонҳо, ҷомеа ва ҳукуматҳо ва дигар мавҷудот дар ҷаҳон аст, ки сабаб шудааст шаётини ҷиннӣ ва инсӣ дар канори ҳам барои эҷоди ихлол ва дигаргӯнӣ дар он равобит, талош кунанд. Бо тағйири одоб ва ахлоқи инсон ва инсонҳо ва таъсиргӯзорӣ дар робитаи баёни онҳо, ҳам манфиати худро таъмин мекунанд ва ҳам ҷомеаро ба сӯи нобудии ҷаҳлу нодонӣ ва гумроҳӣ пеш мебаранд.

Дар ин маврид аст, ки ҷомеаи дорои адаб, ахлоқ ва дар як маъно инсони муъмин ва муваҳҳид, набояд сукут кунад ва набояд беаҳаммият бошад. Вазифаи ҳамаи афроди ҷомеа аст, ки дар баробари васвасаҳои шаётин истодагӣ ва дигаронро низ огоҳ ва кумак кунанд, то битавонанд аз шарри беадабӣ ва беахлоқӣ наҷот ёбанд.

Ҳамаи ҷомеа бояд масъул ва ҳокимеро, ки беодобу беахлоқ аст ва ё роҳи беахлоқиро боз кардааст ва ё дар дараҷаи бадтараш, худ сабабгор ва омили беадабӣ ва беахлоқиҳо дар ҷомеа шудааст, манъ кунанд ва нагузоранд ҷомеаро ба ҷаҳлу беахлоқӣ бикашонанд.

Агар ҷомеа гирифтор шуд, дар ҷиҳати рафъи беадабӣ ва беахлоқиҳо, ки аз тарафи шаётини ҷиннӣ ва инсӣ эҷод мегардад, қиём ва хезиши инсонҳои бо ахлоқ лозим аст. Бояд инсонҳои оқил, босавод, боадабу боахлоқи ҷомеа, ин дардро эҳсос кунанд ва бо огоҳибахшӣ, тарбияти неруҳои ҷавон, тарвиҷи рӯҳия ва адаби мусалмонӣ дар ҷисм ва қалбу  ҷони фарзандони худ, ҳамсоягон, ҳамкорон, зердастон ва забардастон, заминаҳои нуфуз ва асаргӯзории шайтонро маҳдуд кунанд ва бибанданд. Ҳатто дар ин роҳ барои  расидан ба он ҳадафи илоҳӣ, аз қувваи қаҳрӣ ва монеаҳои ҳукуматӣ низ баҳра гиранд, то асбобҳои қудратӣ густариши беахлоқиро  беасар гардонанд.

Дини мубини Ислом, бо нигоҳ ба тамомии ҷанбаҳои зиндагии башар, аз робитаи фардӣ, ҷамъӣ ва ҳукматӣ, то робита бо дигар мавҷудоти олами ҳастӣ, чорчуб ва барнома ироа намудааст ва дар унвонҳои “одоби тафаккур, муошират, тиловати Қуръон, ибодат, муаллим, шогирд, масъул,  қозӣ ва қазоват, ҳоким ва ҳукмат ва ҳатто одоби иқтисод ва тиҷорат ва ҷангу ҷиҳод” ва ғайра оятҳо ва ривоятҳои зиёдеро ироа намудааст. Аз нигоҳи Ислом ҳар амали инсон, зоҳирӣ бошад  ё ботинӣ, дорои чорчуб, барнома ва қонуни хосси худ аст, ки аз дигар ҷиҳат ба онҳо одоб гуфта мешавад. Ҳарчанд баъзе аз амалу рафторҳо ихтиёрӣ аст, аммо  расидан ба саодатро ба он вобаста намудааст, ки гоҳ тарки он сабаби гумроҳӣ низ хоҳад буд.

Чунон, ки Расули Худо(с) фармуд: «العِلمُ نَورٌ یَقذفُهُ اللهُ فِی قَلبٍ مَن یَشاء» “Илм нур аст; Худо дар қалби ҳар касе бихоҳад қарораш медиҳад” (Мисбоҳушариат, саҳ 16) ва фармуд: «العِلمُ حِجابُ الاَکبَر» “Илм ҳиҷоб ва   монеи бузург аст”. Яъне ҳамон илме, ки метавонад сабаби наҷот бошад, метавонад монеъ ва ҳиҷоби фаҳми дурӯст ва дурӣ аз наҷот шавад. Чун илми беахлоқ сабаби худхоҳӣ, худбузургбинӣ, зулм бар дигарон ва дар натиҷа кибру куфр низ мешавад ва ин натиҷаи ҳамон ҳиҷоби акбар аст.

Вақте ҷойгоҳ ва аҳаммияти ахлоқ ва одоб маълум гардад, ҳамаи башар эҳсоси вазифа мекунанд, бояд дар қадами аввал аҳли илму басират эҳсоси вазифа кунанд, то ҷомеаро мусалмонон бо чорчӯби асосии зиндагӣ ва ниёзи асосияшон, яъне “одобу ахлоқи мусалмонӣ”, огоҳ намоянд. Ҳамаи фикру кор ва рафтору гуфторҳоро дар ҳамон ҷиҳат танзим намоянд ва ахлоқу одоби мусалмониро меҳвар қарор диҳанд. То онҷо пеш бибаранд, ки ҳеҷ касе  натавонад кореро, ки бо чорчӯби адаб ва ахлоқи мусалмонӣ носозгор аст, иҷроӣ кунанд ва балки фикрашро низ накунанд!

Дар ин сурат  аст, ки ҳар фард,  ҷамъ,  иҷтимоъ, ва созмон  дар ниҳоят ҷомеаи башарӣ бо ахлоқ ва одоби исломӣ одат мекунад ва ҳеҷ касе   ҷуръати тахаллуф аз  чорчӯбаҳои ахлоқиро нахоҳад дошт.

Шаётини ҷиннӣ ва инсӣ низ аз ин ҷомеа дур хоҳанд шуд ва дигар ҳеҷгӯна салтанат ва таъсиргӯзории манфии худро  бар ҷомеаи мусалмонӣ  нахоҳанд дошт.

Ин ҷомеа ҳамон ҷомеаи қуръонӣ аст, ки Худованди Мутаол онро “хайрулбария” номидаст ва ҷойгоҳи дунёӣ ва ухравии онро бартарин ҷойгоҳ ва биҳишти абадӣ номид.

Бо умеди рӯзе, ки ҷомеаи мусалмонӣ дар тамоми гетӣ ғолиб ва адабу ахлоқи исломӣ дар тамоми ҷанбаҳои зиндагиаш ҳоким гардад.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед