Одоб ва ахлоқи мусалмонӣ 3

0
46

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

“Бахши 3-юм”

Дар бахши аввал ва дуюм аҳаммият ва мафҳуми одоб ва ахлоқ баён шуд. Гуфта шуд, ки ҳар шахс, ҳоким бошад ва ё маҳкум, олим бошад ва ё оммӣ, масъул бошад ва ё коргар аз назари дини мубини Ислом ва ақли солим ниёз ба чорчубае дорад, то ҳамаи афкор ва гуфтор ва рафторашро дар он қарор диҳад. Он чорчуба ва асосе, ки корҳои некӯ ва ҳасан дар он ҷойгир шавад, адаб ва ахлоқи ҳасана ва мусалмонӣ номида мешавад. Ҷомеае, ки толиби рушду шукуфоӣ ва пешрафту амният аст, бояд одобу ахлоқи мусалмониро биомӯзад, таҳлил кунад ва онро дар сартосари зиндагии моддӣ ва маънавиаш асос ва мабно қарор диҳад. Ҳамаи чорчубаҳои илмию фаннӣ, дифоию иртиботӣ ва ғайраро бар ҳамон асос яъне одобу ахлоқи мусалмонӣ тарроҳӣ ва иҷро намояд, то дар натиҷа  ҷомеа ба камол ва саодатманди дунё ва охират хоҳад расид. Дар ғайри он ҳолат ҷомеа дучори каҷӣ ва инҳироф мешавад ва эҳтимоли залолат ва гумроҳиаш бештар аст.

Ҳол дар ин бахш аз навиштор, нигоҳе хоҳем дошт ба “нақш ва ҷойгоҳи одоб ва ахлоқ дар соҳаҳои гуногӯни зиндагии башарӣ, то коркард ва фоидаи одоби исломиро бештар дарк намоем.

Нақши адаб ва ахлоқи мусалмонӣ дар такомули ҷомеаи башарӣ

Одоби мусалмонӣ дорои асар ва баракати фаровон дар зиндагии моддӣ ва маънавии ҳар инсон ва ҳатто дар як нигоҳи асосӣ ин одоби мусалмонӣ, дар тамомии ҳаёти башарӣ, табиат ва ҳатто моварои он, таъсиргузор мебошад. Инсон ва башар ба унвони меҳвари махлуқот ва мукаллафтарини онҳо, дар ҷойгоҳи падар ва модар, фарзанд, ҳамсар, бародар ва хоҳар, ҳамсоя, масъул ва коргар, ҳоким ва маҳкум ва ҳар шуғл ва вазифаи дигаре, ки дорад, аз вуҷуди одоб ва ахлоқи мусалмонӣ бениёз нест ва бояд онро таҳсил ва амалӣ намояд. Дар ин ҳолат мавриди нузули неъмат ва баракоти бешуморе хоҳад буд, аммо агар аз он дурӣ кунад, аз назари моддӣ ва маънавӣ дучори сахтӣ ва бадбахтиҳои гуногӯне хоҳад шуд. Мазмун  ва маъноҳои мавҷуд дар оёту ривоёти динӣ низ бо ҳамин нигоҳ ва дар ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи монеаҳои пеши рӯи одоб ва ахлоқи мусалмонӣ матраҳ гаштаанд.

Дар суфорише, ки аз ҳазрати Алии Муртазо ба фарзандаш имом Ҳасан (разияллоҳу анҳумо) дорад, омадааст: «Фарзандам! Аз адаб баҳраи худро бардор ва дилатро барои (пазириши адаб аз дигар чизҳо) холӣ гардон; зеро дили ту бо арзиштар аз он аст, ки андак олӯдагӣ дар он эҷод шавад. Ва бидон, ки агар фақир шавӣ адаб туро бениёз мегардонад ва агар ғариб ва танҳо шавӣ, ӯ ҳамроҳи туст; адаб хирадро борвар мекунад ва дилро равшан ва забонро зебо мегардонад. Башарро ба сӯи хислатҳои волои инсонӣ ҳидоят мекунад. Агар адаб набошад, инсон ҳайвоне беш нест! Адаб инсони пастро бузург мегардонад! Адаб биҷӯй ва адаб касб бинамо, то ҳам манзалат ва ҳам мол ба дастат ояд; он ки адаб ҷуст, забардаст гардид ва он ки онро фурӯ андохт, зердаст гардид. Худованд адабро бо некбахтон ҳамроҳ  ва бадбахтонро аз он маҳрум гардонд.» (Иршодул-қулуб, Дейламӣ, с160; Аъломуддин фи сифотил-муъминин, с84)

Дар натиҷаи ончи баён гашт, ин ба даст меояд, ки агар инсон бихоҳад ба дараҷоти болои инсоният, яъне адаби холис ва мухлиси Худо  будан  бирасад, бояд чорчӯб ва хамирмояи худро бо адаб ва ахлоқ ҷамъ кунад ва онро ончунон, ки шариат хостааст, дар ҳамаи ҷанбаҳои зиндагии худ ба таҷаллӣ ва зуҳур бирасонад. Онгоҳ агар ҳоким ва забардаст аст, ба зердастонаш ва агар қозӣ ва довар аст ба маҳкумонаш ва агар масъул ва ё корманд аст, ҳеҷ фарқе дар навъи рафтор ва кирдораш эҷод намегардад, балки худ ва мухотаби худро дар як ҷойгоҳи инсонӣ мебинад ва бандагии Худоро асоси фикр ва рафтораш қарор медиҳад. Бинобарин бар асоси вазифаи бандагиаш дар баробари дигарон кирдор ва аксул-амал нишон медиҳад, на бар асоси ҳисси моддӣ ва фақат инсониаш! Инсоният ва банда будани ӯст, ки мувҷиби ҳифзи адаб ва ахлоқиёт дар баробари дигарон мешавад; ҳар чизе анҷом медиҳад бо нигоҳи тавҳидӣ ва дур аз ширку тазвир ва худхоҳӣ хоҳад буд.  Як инсон ва як ҷомеа ва уммати дорои одоби мусалмонӣ камоли тавҳидро риоят мекунад ва адлу эҳсон ва муқобила бо зулму беадолатӣ ва беодобиро сарлавҳаи барномаҳояш қарор медиҳад. Аз назари инсони бо имон, тарвиҷи одоби исломӣ дар ҳар сатҳе, ки бошад, ҳамчун намозу рӯза ва дигар фарзу навофилаш аст ва онро нафақат фазилати фардӣ, балки як амр ва вазифаи шаръӣ барои ҳар фард ва ҳама ҷомеа ва хосса ҳокимон ва масъулон медонад.

Ин аст нақш ва ҷойгоҳи одоб ва ахлоқи мусалмонӣ дар миёни инсон ва инсонҳои боимон; нақше асосӣ ва на фақат фардӣ, балки ҷамъӣ ва ҳокимиятӣ. Он чунон ки доштанаш мувҷиби растагорӣ дар дунё ва охират ва тарку бетаваҷҷуҳӣ ба он мувҷиби бадбахтӣ ва саргардонии худ ва ҷомеа хоҳад буд.

 

 

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед