Хулосае аз зиндагии Расули Худо (с) 1

0
122

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Муқаддима

Нимҷазираи Арабистон

Нимҷазираи Арабистон, ки онро Ҷазират-ул-араб низ мегӯянд, дар ҷануби ғарбии Осиё қарор гирифта аст. Аз тарафи ҷануб ба халиҷи Адан ва тангаи Боб-ул-мандаб ва уқёнуси Ҳинд ва баҳри Уммон ва аз тарафи мағриб ба баҳри Аҳмар ва аз тарафи машриқ ба баҳри Уммон ва халиҷи Форс ва аз шимол ба баҳри Миёназамин ва Фаластин ва Сурия ва Ироқ ҳаммарз аст.

Рӯҳияи мардум қабл аз Ислом

Арабҳо қабл аз Ислом намунаи комили инсони тамаъкор ва ҳарис буданд ва алоқаи зиёде ба моли дунё доштанд. Онҳо ба ҳар чи ки менигаристанд аз назари манофеи зудгузари худ буд. Ҳамеша барои худ як навъ бартарӣ нисбат ба дигарон тасаввур менамуданд ва равиши онҳо ғоратгарӣ буда ва амволи дигаронро ба тороҷ мебурданд. (Муқадимаи ибни Халдун,  ҷ.1, саҳ.286) .

Қонуни тоифа ва қабилагарӣ бар робитаҳои иҷтимоии онҳо ҳоким буд. Духтаронашонро мекуштанд ва ё зинда ба гӯр мекарданд. Бутпарастӣ дини роиҷи онҳо буд. Саводи хондан ва навиштан надоштанд. Хурофот дар миёни онҳо зиёд буд, масалан барои дафъи дарди сар, устухони мурда ба гардан меовехтанд.

Бахши аввал: Аз таваллуд то ҷавонӣ

Падар ва ниёгони Паёмбар Акрам(Салаллоҳу Алайҳи ва Саллам)

Паёмбари Ислом (Салаллоҳу Алайҳи ва Саллам) аз фарзандони ҳазрати Иброҳим(а) ва Исмоил(а) мебошад. Падараш Абдуллоҳ  писари Абдулмутталиб аст. Абдулмутталиб фарзанди Ҳошим ва ӯ ҳам фарзанди Абдулманоф аст.

Таваллуд ва даврони кӯдакии Паёмбар Акрам(Салаллоҳу Алайҳи ва Саллам)

Саҳифаҳои таърих гувоҳӣ медиҳад, ки паёмбарони осмонӣ бо ҳодисаҳо ва рӯйдодҳои муҳим ва муъҷизаосо ҳамроҳ аст. Монанди достони таваллуди ҳазрати Мусо(а) дар даврони ҳукумати Фиръавн ва тавллуди ҳазрати Исо(а) бидуни падар.

Вилодати Паёмбар Акрам(Салаллоҳу Алайҳи ва Саллам) низ бо як силсила ҳодисаҳои фавқулода  ҳамроҳ буд. Паёмбар Акрам(Салаллоҳу Алайҳи ва Саллам) дар соли омулфил баробар бо 25 апрели соли 570 мелодӣ, 17 Рабеъ-ул-аввал ва тибқи нақли дигаре 12 Рабеъ-ул-аввал дар шаҳри Макка ба дунё омад. Дар он шаб чордаҳ кунгра аз кохи Анушервон фурӯ рехт. Оташкадаи Форс  хомӯш шуд. Дарёчаи Сова хушк гардид. Бутҳои Макка сарнагун гаштанд. Нуре аз вуҷуди он мавлуд ба сӯи осмон баланд шуд. Анушервон ва муъбадон хоби ваҳшатноке диданд. Он ҳазрат ҳангоми таваллуд ҷумлаҳои: «Аллоҳу Акбар, Алҳамду лиллоҳи касиран ва субҳоналлоҳи букратан ва асилан»-ро ба забон ҷорӣ мекард. (Таърихи Яъқубӣ, ҷ.2, саҳ.63; Сираи Ҳалабӣ, ҷ.1, саҳ.64 ва Таърихи Хамис, нигориши Диёри Кубро, ҷ.1, саҳ.200).

Падараш Абдуллоҳ дар бозгашт аз Шом дар шаҳри Ясриб (Мадина) чашм аз ҷаҳон фурӯ баст. Модари Паёмбар, Омина духтари Ваҳаб ибни Абдуманоф  буд.

Бар асоси расми хонаводаҳои бузурги Макка, Абдулмутталиб падарбузурги Паёмбар Акрам(Салаллоҳу Алайҳи ва Саллам) ӯро ба дояе ба номи Ҳалима супурд, то ӯро дар ҳавои озод ва муҳити табии берун аз шаҳри Макка парвариш диҳад. (Сираи Ҳалабӣ, ҷ1, саҳ.99).

Ҳузури Паёмбар Акрам(Салаллоҳу Алайҳи ва Саллам) дар хонаводаи Ҳалима ҳамроҳ бо хайру баракат буд, то ҷое ки Ҳорис шавҳари Ҳалима ба ӯ мегуфт: Оё медонӣ чӣ фарзанди мубораке насиби мо шудааст. (Сираи ибни Ҳишом, ҷ.1, саҳ.159 ва Сираи Ҳалабӣ, ҷ.1, саҳ.99).

Ҳалима бар асари алоқа ва исрори Омина модари Паёмбар Акрам(Салаллоҳу Алайҳи ва Саллам), ки ба синни панҷсолагӣ расида буд, ӯро ба Макка боз гардонид ва муддате баъд, модараш Омина бо ҳамроҳи Паёмбар барои дидори хешовандони худ ва шояд зиёрати қабри шавҳараш Абдулллоҳ роҳии Мадина гардид. Пас аз як моҳ Омина ҳамроҳи фарзандаш дар ҳоли баргашт ба Макка буд, аммо дар байни роҳ дар маҳале ба номи Абвоъ  аз дунё даргузашт. Баъди  фавти модараш сарпарастии ӯро падарбузургаш Абдулмутталиб ба дӯш гирифт. (Сираи ибни Ҳишом, ҷ.1, саҳ.168) .

Паёмбар Акрам(Салаллоҳу Алайҳи ва Саллам) 8 сола буд, ки Абдулмутталиб даргузашт ва сарпарастии ӯро амакаш Абутолиб ӯҳдадор шуд. Гуфтор ва кирдори даврони кӯдакии Паёмбар Акрам(Салаллоҳу Алайҳи ва Саллам) ӯро аз дигар кӯдакон мумтоз месохт, ба тавре ки Абдулмутталиб ба ин ҳақиқат огоҳ гашта ва Паёмбарро бениҳоят эҳтиром мекард.

Абутолиб амаки Муҳаммад(Салаллоҳу Алайҳи ва Саллам) мегуфт: Ҳаргиз аз Муҳаммад дуруғ ва кори ношойист ва ҷоҳилона надидам. На беҷо механдид ва на суханони беҳуда мегуфт ва бештари вақтҳо танҳо буд. (Комил ибни Асир, ҷ.2, саҳ.24; Таърих-ул-хамис, ҷ.1, саҳ.258.)

Сафар ба Шом

Дар сини 12 солагӣ буд, ки амакяш Абутолиб ӯро ҳамроҳаш ба сафари тиҷоратие, ки он замон дар Ҳиҷоз маъмул буд, ба Шом бурд. Дар ҳамин  сафар дар маҳалле ба номи Бусро, ки аз навоҳии Шом (Сурия) буд, Абутолиб ба роҳиби масеҳӣ, ки номаш Буҳайро буд бархӯрд кард. Буҳайро аз рӯи нишонаҳое, ки дар китобҳои муқаддас хонда буд бо итминон дарёфт, ки ин кӯдак ҳамон Паёмбари охирузамон аст. (Сираи ибни Ҳишом,ҷ.1, саҳ.181; Эълом-ул-варо, саҳ.26)

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед