Зиндагиномаи Имом Абӯҳанифа (р)

0
158

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Зиндагинома

Имом Абӯҳанифа, Нӯъмон ибни Собит, фақеҳ ва мутакаллими номдори Куфа ва поягузори мазҳаби ҳанафӣ (аз мазоҳиби чаҳоргонаи фиқҳии аҳли суннат) буд. Пайравонаш ӯро Имоми Аъзам ва Сироҷулумма лақаб додаанд. Вай дар хонаводае мусалмон дар шаҳри Куфа зода шудааст. Таваллуди ӯ бо ҳукумати Абдулмалик ибни Марвон ва ҳокимияти Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф бар Ироқ ҳамзамон буд. Падарбузургаш аз мардумони Балх буд, ки эҳтимолан дар ҷараёни фатҳи Хуросон ба асорат даромад, ба Ироқ оварда шуд ва ба ойини ислом гаравид. (Ҳусайн ибни Алӣ ал-Симарӣ, Ахбору Абиҳанифа ва асҳобуҳу, с.15; Ҳофиз Абӯбакр Аҳмад ибни Алӣ ал-Хатиб ал-Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, ҷ.13, с.324.)

Имом Абӯҳанифа аз тобеъин буд. (Муҳаммад ибни Исҳоқ Абулфараҷ ан-Надим, Алфеҳрист, с.284.) Ӯ барои имрори маъош, тиҷорати хазз (навъе порчаи абрешимӣ) мекард.(Ҳусайн ибни Алӣ ал-Симарӣ, пешин, с.15.) Вақте Ҳаҷҷоҷ саҳнаи сиёсатро тарк кард, Имом Абӯҳанифа 15-сола буд. Вай аз фақеҳон ва олимони бисёре дониш омӯхт. Устоди вежааш Ҳаммод ибни Абисулаймон буд, ки муддати 18 сол назди ӯ ба фарогирии фиқҳ пардохт ва то ҳангоми вафоти Ҳаммод ҳалқаи дарси ӯро тарк нагуфт.(Ҳофиз Абӯбакр Аҳмад ибни Алӣ ал-Хатиб ал-Бағдодӣ, пешин, ҷ.13, с.333.) Бо даргузашти Ҳаммод ибни Абисулаймон (дар соли 120 ҳ.қ), марҷаъияти судури фатво ва тадриси фиқҳ дар Куфа, ба Имом Абӯҳанифа мунтақил ва аз ҷойгоҳи вежае бархӯрдод шуд. (Ҳусайн ибни Алӣ ал-Симарӣ, пешин, с.21-22.)

Имом Абӯҳанифа шоҳиди рӯзҳои бӯҳронии ҳукумати Язид ибни Муҳаллаб, Холид ибни Абдуллоҳ ал-Қасрӣ ва Наср ибни Сайёр бар Ироқ буд. Вай ҳамвора истиқлоли худро аз ҳокимони умавӣ ва аббосӣ ҳифз кард ва аз пазириши маносиби ҳукуматӣ ва низ қазоват (қозигӣ), ки аз сӯи онҳо пешниҳод мешуд, худдорӣ менамуд. Ҳатто касонеро, ки бо дастгоҳи ҳукумати умавӣ ва аббосӣ ба мухолифат бармехостанд, гоҳу бегоҳ ва ба суратҳои мухталиф ҳимоят мекард. Ба шаҳодати таърих:

— ҳимояти молӣ аз қиёми Зайд ибни Алӣ; (Абдулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотилут-толибийин, с.100.)

— кӯмак ба дарёфти амоннома барои бозгашти Ҳорис ибни Сурайҷ (яке аз сарони инқилобии Хуросон) ба Марв; (Муҳаммад ибни Ҷарир ат-Табарӣ, Таърихи Табарӣ, ҷ.7, с.293.)

— мунозира бо Хавориҷ, ки ба раҳбарии Заҳҳок ибни Қайси Шайбонӣ Куфаро дар солҳои 128-127 ҳ.қ тасарруф карда буданд; (Ҳофиз Абӯбакр Аҳмад ибни Алӣ ал-Хатиб ал-Бағдодӣ, пешин, ҷ.13, с.366.)

— ҳиҷрат ба Макка дар ду соли охири ҳукумати умавиён ба далели фишорҳои ҳукуматӣ барои пазириши амри қазо (қозигӣ) ва мансаби назорат бар байтулмол; (Муваффақ ибни Аҳмади Маккӣ, Маноқибу Абиҳанифа; Абулмуайид Муҳаммад ибни Маҳмуди Хоразмӣ, Ҷомеъу масониди Абиҳанифа, ҷ.1, с.66)

— ҳимояти ошкор аз қиёми Иброҳим ибни Абдуллоҳи Ҳасанӣ (аз имомони зайдӣ) дар Басра алайҳи хилофати Мансур (халифаи аббосӣ); (Абдулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотилут-толибийин, пешин, с. 240-243 ва 251; Ҳофиз Абӯбакр Аҳмад ибни Алӣ ал-Хатиб ал-Бағдодӣ, ҷ.13, пешин, с.329-330.)

— судури раъй бар хилофи майли Мансур дар ҷараёни қиёми Ҳассон ибни Муҷолид, ки Мансур ба дунболи ахзи раъй аз фақеҳони Куфа мабнӣ бар нақзи паймони собиқи мавсилиён бо халифа ва даст ёфтан ба тавҷеҳе барои ҳамла ба онҳо буд; (Иззуддин Алӣ ибни Асир, Алкомил фит-таърих, ҷ.5, с.585.)

… бахшҳое аз ҳаёти сиёсии Имом Абӯҳанифаро ташкил медиҳанд. Имом Абӯҳанифа саранҷом бино ба далеле, ки дақиқан равшан нест, тавассути Мансур дар Бағдод маҳбус шуд ва пас аз чанд рӯз даргузашт. (Ҳофиз Абӯбакр Аҳмад ибни Алӣ ал-Хатиб ал-Бағдодӣ, пешин, ҷ.13, с.327-330.)

Имом Абӯҳанифа 52 сол аз умри хешро дар ҳукумати умавиён ва 18 солро дар ҳукумати аббосиён гузаронд. Дар вараъу тақвояш нақлҳои фаровоне вуҷуд дорад, ӯ ҳеч гоҳ ҳадия ё тӯҳфае аз тавонгарон ва салотин дарёфт накард. (Миён Муҳаммад Шариф, Таърихи фалсафа дар ислом, ҷ.2, с.128.)

Муҳимтарин шогирдонаш, ки дар ҳифз ва густариши мазҳаби ӯ яъне мазҳаби ҳанафӣ муассир буданд иборатанд аз: Абӯюсуф ибни Яъқуб ибни Иброҳим (вафотёфтаи 183 ҳ.қ) ва Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ (вафотёфтаи 189 ҳ.қ) (Аҳмад Покатчӣ, Абӯҳанифа, Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.5, с.379-409.)

Имом Абӯҳанифа аввалин касе дониста шуда, ки ба таснифу таълифи фиқҳ пардохта. Аз қавли Имом Шофеӣ нақл шудааст, ки ӯ мӯътақид буд ҳамаи мардум дар фиқҳ фарзандони Абӯҳанифаанд. (Абӯбакр Муҳаммад ибни Саҳли Сарахсӣ, Алмабсут, ҷ.1, с.3.) Мазҳаби вай тавассути Абӯюсуф, ки мансаби қозиюлқузотиро дар давлати аббосӣ ба даст овард тарвиҷ ва мазҳаби расмии фиқҳӣ дар давлатҳои аббосӣ, салҷуқӣ, ғазнавӣ ва усмонӣ буд. Ҳамакнун ин мазҳаб дар Фарорӯд, Афғонистон, Сурия, Ироқ, Покистон, Ҳинд, Чин ва чанд кишваре дигар ривоҷ дорад.

Осор

Аз Имом Абӯҳанифа осоре дар фиқҳ, калом ва ахлоқ боқӣ монда, ки бархе ба чоп расида ва бархе низ ба сурати хаттӣ мавҷуд аст. Китобҳо ва рисолаҳои мунтасаб ба вай иборатанд аз:

1) Ал-фиқҳул-акбар;
2) Ал-ъолиму вал-мутаъаллим;
3) Рисолатун ило Усмон ал-Баттӣ;
4) Васиаятун ило тилмизиҳи (Қозӣ Абӯюсуф);

Осори хаттии ӯ иборатанд аз:

1) Васиятун ило ибниҳи Ҳаммод;
2) Васиятун ило Юсуф ибни Холид ас-Самтӣ;
3) Рисолатун фил-имон ва такфири ман қола би халқил-Қуръон;
4) Муҷодалатун ли аҳадид-даҳрийин.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед