Фалсафаи намоз 1

0
81

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Бахши аввал

Намоз дар дини муқаддаси Ислом дорои арзиши зиёд буда ва ҳатто дар ҳадисҳои шариф фарқи миёни мусулмон ва кофир дар хондани намоз баён шудааст. Барои донистани нақши намоз дар дини муқаддаси Ислом лозим аст, ки дар ин баҳс матолиберо дар мавзӯи фалсафаи намоз баён кунем.

Сухан гуфтан бо Парвардигор:

Нахустин фалсафаи намоз сухан гуфтан бо Худованди Мутаол баён шудааст. Вақти касе бихоҳад, ки бо Худованди Мутаол сӯҳбат кунад бояд намоз бихонад ва ҳаргоҳ бихоҳад, ки Худованди Мутаол бо ӯ сӯҳбат кунад, Қуръон  тиловат намояд.

Мусулмони боақида ва диндор, барои ин ки бо Парвардигори худ иртибот дошта бошад ва мутобиқи ҳидояти илоҳӣ рӯзона панҷ маротиба бо Ӯ сухан гуфта ва розу ниёз менамояд. Дар хондани намозҳои хӯд бояд бо покии моддӣ ва маънавӣ, ҷисм, либос, макон, ва анчоми дигар  аҳкомҳои намоз, бо хушӯъ (ҳузури қалб, фикр ва андеша) ва тавозӯъ (фурӯтанӣ ва шикастагӣ) дар пешгоҳи Худованди Мутаол ба тарафи қибла рӯй оварда, ба ибодати Худованд аз тариқи адои намозҳои фарз, воҷиб, суннат, рӯй оварда ва матолиби қалбӣ ва орзуҳои дунявӣ ва ухравии худро ба Парвардигор баён мекунад.

Шахси мӯъмин медонад, ки намоз сухан гуфтан бо Парвардигор аст. Барои мисол инсон ҳамеша вақте бо дӯсти худ сухан мегӯяд, барои дӯсти худ розҳои худро баён мекунад, аз дӯсти худ кӯмак мехоҳад, ба хонаи ӯ рафта ва кӯшиш мекунад то ризоятӣ ӯро ба даст оварад, амалеро анҷом намедиҳад, ки сабаби нохушии дӯсташ гардад, зеро, ки ин мӯъмин медонад:

وَالَّذِينَ آمَنُواْ أَشَدُّ حُبًّا لِّلّهِ

«Касоне, ки имон овардаанд муҳаббати бисёр зиёде ба Худованд доранд.»(Бақара\165)

Бинобарин муҳаббати худро ба Худованди Мутаол ҳама рӯза бо ибодат ва сухан гуфтан бо Парвардигори худ аз тариқи намоз зиёд мекунад.

Аммо касе, ки намозро тарк мекунад ба ин маъно аст, ки бо Худо қаҳр кардааст ва намехоҳад бо Ӯ сухан бигӯяд, лозим аст ин шахс дубора бо Парвардигори худ оштӣ кунад ва намоз бихонад, агар мафҳуми намоз сухан гуфтан бо Худованди Мутаол аст, пас нахондани намоз ба мафҳуми тарки сухан бо Худованд мебошад.

Шумо фикр мекунед, ки дар зиндагӣ бо чӣ касоне сухан намегӯед?

1- Бо касе, ки ӯро намешиносед, бинобарин бо як шахси ношинос сухан намегӯед.

2- Бо касе, ки ӯро дӯст намедоред, бинобарин бо вуҷуди ин ки ӯро мешиносед, аммо намехоҳед бо вай сухан бигӯед.

3- Бо касе, ки сухан гуфтан бо ӯро бефоида ва беарзиш медонед, бинобарин зарурате ба сухан гуфтан бо вай эҳсос намекунед.

4- Бо касе, ки ба шумо бадӣ намудааст ва акнун бахотири бадиҳои вай намехоҳед бо ӯ ҳамсуҳбат шавед.

5- Бо касе, ки метарсед ҳаргоҳ бо вай сухан бигӯед одати бади  ӯ ба шумо ҳам гузарад, бинобарин сухан гуфтан бо ӯро тарк мекунед.

6- Бо касе, ки бо ӯ душманӣ дошта бошед, ва ин душмании худро бо вай аз тариқӣ қатъи робита, ки дар қадами аввали он сухан нагуфтан аст эълом мекунед.

Акнун метавон гуфт касе, ки намоз намехонад, ӯ дар ҳақиқат намехоҳад бо Худованди Мутаол сӯҳбат кунад ва далелашро низ метавон яке аз ин мавридҳо донист:

Аввал: Худованди Мутаолро намешиносад, ва ӯро бегона дониста ва намехоҳад бо ӯ сухан бигӯяд.

Дуввум: Худованди Мутаолро бад мебинад (паноҳ бар Худо) ва намехоҳад бо Худо сухан бигӯяд.

Севвум: намоз хондан (сухан гуфтан бо Худо)-ро бефоида ва беарзиш  медонад.

Чаҳорум: фикр мекунад, ки Худованди Мутаол  ба ӯ некӣ накардааст дар ҳоле, ки неъматҳои фаровон ба ӯ бахшидааст.

Панҷум: имон ва ақидаро чизи баде медонад, бинобарин намоз хондан, ки ӯро диндор месозад тарк мекунад.

Шашум: бо Худованди Мутаол  душманӣ дорад, Ӯро душмани худ медонад ва намехоҳад, ки бо Худо сухан бигӯяд.

Инҳо далелҳои асосие аст, ки инсонро ба тарки намоз мекашонад ва агар касе бигӯяд, инчунин нест пас чӣ далеле барои тарки намоз дорад?

Касоне, ки худро мӯъмин медонанд ва иддаои мусулмонӣ мекунанд вале намоз намехонанд, лозим аст то дубора ба даргоҳи илоҳӣ  бозгарданд ва бо Худованд оштӣ намоянд, ва ин оштии худро бо хондани намозҳои қазоӣ эълом намоянд.

Бо таваҷҷӯҳ ба инки намоз хондан сухан гуфтан бо Худованди Мутаол аст, ҳаргоҳ касе баъд аз хондани намоз қасам бихӯрад, ки бо Худо сухан гуфтам гунаҳкор ва қасамзада намешавад, зеро, ки намоз сухан гуфтан бо Худованди Мутаол  аст ва банда бо Парвардигори худ мулоқот мекунад. Бар намозгузор лозим аст бо диққат мутаваҷҷеҳи покии бадан ва либоси худ бошад, зеро, ки Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

يَا بَنِي آدَمَ خُذُوا زِينَتَكُمْ عِندَ كُلِّ مَسْجِدٍ

«Эй фарзандони Одам, дар ҳарҷое, ки намоз мехонед бо зинат бошед.» (Аъроф/31).

Саҳобаи киром вақте, ки масҷид мерафтанд либоси пок мепӯшиданд, худро зинат мекарданд, атр мезаданд ва мегуфтанд мо ба мулоқот Худо меравем. (Саҳеҳи Муслим, ҳадиси 846).

Вақте, ки Худованди Мутаол бандагони худро амр намудааст, ки рӯзона панҷ вақт ба даргохаш биоянд ва дар пешгоҳи Ӯ истода, бандагӣ ва муҳаббати худро ба Худованд исбот намоянд, мухолифат бо ин амр, дигар тафсир ва тавҷиҳе надорад ба ғайр аз ин ки касе нахоҳад бо Худо суҳбат кунад. Баъзе аз мардум ҳастанд, ки намозро тарк мекунанд, аммо раҳмати Худованд бениҳоят зиёд аст, боз ҳам ба онҳо вақт медиҳад, ки бо донистани ҳақиқат дубора бозгарданд ва иштибоҳоти гузаштаро бо хондани намозҳои қазошуда ҷуброн намоянд. Вале касе, ки робитаи худро бо Парвардигори худ ҳафтаҳо, моҳҳо, ва солҳо қатъ мекунад, маънояш ҳамин аст, ки ӯ хатман душмании худро бо холиқи осмонҳо ва замин эълом кардааст, зеро дар зиндагии дунё дидаем касе, ки аз дӯстони худ озурда бошад, баъд аз гузашти як ҳафта ё ду ҳафта пушаймон шуда ва дубора бо ҳам суҳбат мекунанд, вале шахсе, ки бо касе моҳҳо ва солҳо суҳбат намекунад ба ин маъност,ки ӯ ҳатман бо вай дӯстӣ надорад ва намехоҳад бо ӯ дар тамоми зиндагӣ дӯстӣ намояд.

Акнун касоне, ки намозро яъне сухан гуфтан бо Парвардигорро моҳҳо ва солҳо тарк кардаанд, дар ҳақиқат тарки дӯстӣ бо Худо намудаанд ва давому оқибати ин кор сабаби ғазаби Худованди Мутаол мешавад.

Тарки намоз оқибати баде дорад, зеро ин кор сабаби ғазаби Худованд шуда ва дар рӯзи қиёмат замоне, ки бенамозон дар пешгоҳи Худованди Мутаол қарор мегиранд, Худованд бо онҳо сухан нахоҳад гуфт ва ғазаби Парвардигор сабаби дохил шудани онон дар дӯзах мегардад.

Дар Қуръони Карим дар аҳволи баъзе аз дӯзахиён омадааст, ки:

مَا سَلَكَكُمْ فِي سَقَرَ قَالُوا لَمْ نَكُ مِنَ الْمُصَلِّينَ

«Вақте аз дӯзахиён пурсида шавад, ки чӣ чизе шуморо дар дӯзах андохт? Мегӯянд: мо аз ҷумлаи намозгузорон набудем.» (Мудассир/42-43)

Давом дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед