Тавҳид дар зот-1

0
85

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Муқаддима

Масъалаи тавҳид ва ваҳдати илоҳӣ, ҳамеша яке аз баҳсҳои муҳим ва асосӣ дар илми каломи исломӣ ба шумор меояд ва мутакаллимон баҳсҳои зиёдеро дар ин замина баён кардаанд. Мутакаллимони мотуридӣ ва махсусан худи имом Абӯмансури Мотуридӣ низ баҳсҳо ва суханони фаровон ва арзишмандеро дар мавриди ин масъала матраҳ кардаанд. Бидуни шак суханон ва иборатҳои эмом Мотуридӣ дар мавриди тавҳиди илоҳӣ бисёр амиқ ва таҳсинбарангез аст, ба гунае, ки бархе гуфтаанд назири суханони вай дар мавриди тавҳиди зотиро дар дигар китобҳои каломӣ наметавон ёфт.

Вай бо таъбири бисёр зебое, ки шояд дар дигар китобҳои каломӣ ба ин сурат зикр нашуда бошад мегӯяд:

واحِدٌ بالتَوَحُّدِ عَنِ الأشباهِ و الأَضدادِ

Ваҳдат ва ягонагии Худованд ваҳдати ададӣ нест, яъне, Худо воҳид ва ягона аст ба ин маъно, ки назир надорад. Воҳид аст яъне шабеҳу монанд надорад, на ин ки як адад аст. Ваҳдат ба маънои бидуни шабеҳ ва бемислу бемонанд аст. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, с 89)

Бештарин баҳсҳо ва суханони мутакаллимони мотуридӣ ва махсусан худи имом Абӯмансури Мотуридӣ дар бораи тавҳиди илоҳӣ, марбут ба тавҳиди зотӣ, сифотӣ ва афъолӣ мебошад ва баҳсҳои зиёде дар китобҳои каломии мотуридия дар ин маврид баён шудааст.

Аҳмад ал-Ҳарбӣ яке аз пажуҳишгарон дар бораи андешаҳои Мотуридӣ ва мактаби мотуридия дар ин замина мегӯяд: ’’Хулосаи суханони онҳо (мотуридия) дар мавриди тавҳиди Худованд Мутаъол ин аст, ки Худованди Мутаъол дар зоти худ воҳид ва ягона аст ва мислу монанде надорад ва тақсимпазир нест, дар сифоти худ воҳид ва ягона аст ва шабеҳе надорад, ва дар афъоли  худ воҳид ва ягона аст ва шарике надорад’’. (Аҳмад-ал-Ҳарбӣ, Алмотуридия Деросатан ва Тақвиман, саҳ 190)

 Бахши аввал

Нафйи таркиб аз зоти Худованд

Тавҳид дар зот ё тавҳиди зотӣ дорои ду бахш мебошад. Яке нафйи таркиб ва мураккаб будан аз зоти Худованд аст, ки метавон онро тавҳиди дарунзотӣ номид. Ва дигарӣ нафйи шарик ва мислу монанд аз зоти Худованд аст, ки метавон онро тавҳиди берунзотӣ номид.

Нафйи таркиб ва  мураккаб будан аз зоти Худо ба ин маъно аст, ки зоти Худованд қобили тақсим ва тақсимпазир нест ва имкони ҷузъ-ҷузъ будан дар зоти илоҳӣ вуҷуд надорад.

Яке аз мабноҳо ва пояҳои асосии тафаккур ва андешаи каломии Абумансури Мотуридӣ ва мотуридиён, ’’тафаккури танзеҳӣ’’-и онҳо дар бораи Худованд аст. ’’Тафаккури танзеҳӣ’’ ба ин маъно аст, ки Худованд Мутаъол аз ҳар чизе, ки дорои нақс ва камбуд бошад, пок аст. Ва ҳар исм, сифат ва феълеро, ки дорои камбуд аст набояд ба Худованд нисбат дод. Ин андешаи танзеҳӣ дар баҳси тавҳид, махсусан тавҳид дар зот, чӣ тавҳиди дарунзотӣ ва чӣ тавҳиди берунзотӣ таъсир мегузорад. Бар асоси андешаи танзеҳӣ, Худованд аз ҳаргуна ҷисм ва ҷисмоният пок ва муназзаҳ буда ва ба ҳеҷ сурат наметавон Худовандро ҷисм донист. (Абу Мансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 89-90) Зеро ҷисм будан лозимааш ниёзмандӣ аст ва Худованд ҳам маҳол аст, ки ниёзманд бошад. Аз тарафи дигар аз назари мотуридиён танҳо ҷисм аст, ки таркибёфта аз ду ҷавҳар ва қобили тақсим аст, аз ин рӯ чун Худованд ҷисм нест, тақсимпазир ва таркибпазир ҳам нест. (Абӯмуъини Насафӣ, Табсират-ул-адилла, ҷ 1, саҳ 114)

Бинобар ин ҳар навъ таркиб ва мураккаб будан ва тақсимпазирӣ аз зоти Худованд нафй мешавад.

Абӯ Муини Насафӣ барои нафйи таркиб аз зоти Худованд, чунин истидлол мекунад, ки амри мураккаб, ночор аст сифатҳо ва шаклҳои гуногуне монанди: Дароз будан, паҳн будан, чоркунҷа, секунҷа ва ғайра ба худ бигирад. Ва агар бигӯем зоти Худованд амри мураккаб ва таркибёфтааст, бояд қабул кунем, ки тамоми ин васфҳо ва шаклҳо дар зоти Худованд вуҷуд дорад ва ин лозимааш ҷамъ шудани сифатҳои зидди ҳам дар зоти Худованд аст, ки ин маҳол аст. Ё агар бигӯем танҳо бархе аз ин васфҳо ва шаклҳо дар зоти Худованд вуҷуд дорад, таъйин кардани он шакли хос ниёз ба далел дорад ва ин лозимааш қарор гирифтани Худованд таҳти қудрати ғайр аст ва ин маҳол аст. (Абумуини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоиди ат-тавҳид, саҳ 140)

Мотуридиён ҳамчунин барои исботи нафйи таркиб аз зоти Худованд, аз бахши дуввуми тавҳиди зотӣ яъне нафйи шарик ва мислу монанд аз зоти Худо низ истифода мекунанд. Онҳо муътақид ҳастанд, агар зоти Худо дорои таркиб ва тақсимпазир бошад, баночор Худованд дорои шарик ва мислу монанд мешавад ва ин маҳол аст.

Аҳмад ал-Ҳарбӣ дар ин замина мегӯяд: “мақсади мотуридиён аз тавҳид дар зот, нафйи касрат ва зиёдӣ аз зоти Худованд аст. Нафйи касрат ва зиёдӣ ба маънои тақсимнопазир будани зоти Худо аст, лизо мотуридиён мегӯянд: Зоти Худованд воҳид аст, яъне тақсиме барои Ӯ вуҷуд надорад. Ва лафзи “Аҳад”- ро, ки дар Қуръон ва ривоёт дар мавриди Худо ворид шудааст ба ин маъно тафсир мекунанд. Бинобар ин дар тафсири қавли Худо: “قُلْ هُوَ اللَّهُ أَحَدٌ  “ мегӯянд: Воҳид мавҷуде аст, ки шарик ва монанде барои Ӯ нест ва зоти Ӯ тақсимпазир нест”. (Аҳмад-ал-Ҳарбӣ, Алмотуридия Деросатан ва Тақвиман, саҳ 189)

Аз ончи дар боло баён гардид, равшан мешавад, ки мотуридиён бо нигоҳи комилан танзеҳӣ ба Худованд менигаранд. Ва бар асоси ҳамин нигоҳи танзеҳӣ ба тавҳиди зотӣ ба маънои нафйи таркиб аз Худо, қоил мешаванд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед