ДАР БОРАИ МО

بسم الله الرحمن الرحیم

فَبَشِّرْ عِبادِ* الَّذينَ يَسْتَمِعُونَ الْقَوْلَ فَيَتَّبِعُونَ أَحْسَنَهُ أُولئِكَ الَّذينَ هَداهُمُ اللَّهُ وَ أُولئِكَ هُمْ أُولُوا الْأَلْبابِ (زمر/17-18)

Бар асоси ниёз ва талаботи имрӯзаи ҷомеаи мусалмонон махсусан кишварҳои “Осиёи миёна” ҷамъе аз донишомӯхтагони улуми динӣ ва пайрави имоми Аъзам (рҳ) қасд доранд, ки имом Абӯҳанифа ва мазҳаби ҳанафиро ба сурати ҳақиқӣ бишиносонанд, то коми ташнаи ҳақиқатҷӯён ва пайравони мазҳаби ҳанафӣ сероб шавад ва гуфтору рафтор ва кирдори пайравон бо ҳақиқати шахсият ва афкори имоми Аъзам(рҳ) арзёбӣ шавад ва ҳар кас довари худ бошад.

Дар шароити кунунӣ афроду созмонҳои фаровоне иддаои пайравӣ аз ин мазҳабро мекунанд, вале мутаассифона дониста ё надониста дар муқобили он қарор гирифта ва бар зидди сираи амалии имоми Аъзам (рҳ) амал намуда ва пайравони ин мазҳабро саргардон мекунанд.

Ҳадаф ва рисолати ин сайт баёни ҳақиқатҳои мазҳаби ҳанафӣ аст, ки аз матну асли Қуръони Карим ва сираву суннати муътабари Расули Акрам(с) сарчашма мегирад, то шахсияти илмӣ ва амалии имоми Аъзам(рҳ) дар шинохт, фаҳм ва пойбандӣ ба Қуръону суннат равшан шавад ва ҳанафиён ҳам худро ба он татбиқ намоянд.

Шумо метавонед назар, пешниҳод, интиқод ва пурсишҳои худро дар масоили динӣ (эътиқодӣ, фиқҳӣ ва ахлоқӣ) ба воситаи Емайли info@ahnof.com бо мо дар миён гузоред ва посухҳои худро дарёфт кунед ва моро дар ҷуброни камбудиҳо ёрӣ расонед.